Маълумоти охирин
Главная / Илм / Манометр

Манометр

МАНОМЕТР (аз юнонӣ manos — тунук ва metreo — чен мекунам), асбобест барои чен кардани фишори моеъ ва газҳо. Чунин Манометрҳо хастанд:

  1. Манометро барои чен кардани фишори мутлақи ин аз сифр (вакууми пурра) ҳисоб карда мешавад;
  2. Манометрҳо барои чен кардани фишори барзиёд, яъне фарқи байни фишори мутлақ ва фишори атмосферӣ (Мав­роди аз фишори атмосфера зиёд бу­дани фишори мутлақ);
  3. Дифманометрҳо барои чен кардани фарқи 2 фишор, ки одатан ҳар яки он аз фишори атмосфера фарқ меку­над.

Манометр

Фишорҳои ба фишори атмосфера баробарро бо барометр, фишорҳои аз сифр наздикро бо вакуумметр (асосан дар техникаи вакуум) чен мекунанд. Барои чен кардани фишор Манометрҳоеро истифода мекуианд, ки шкалаашон ба воҳидҳои гуногун дараҷа баста шудааст. Дар низоми воҳидҳои байналхалқӣ воҳиди фи­шор бо паскал «Па» қабул шудааст (аз 1971 сол).

Элементи асосии конструктивии Манометр элементи ҳассосест, ки табдилдиҳандаи аввалини фишор мебошад. Вобаста ба принсини кор ва конструксияи элементи ҳассос Манометрҳо моеӣ, поршенӣ, деформатсионӣ ё пружинӣ (ҳалқашакл, мембранӣ, сильфонӣ) мешаванд. Ғайр аз ин, асбобҳоеро низ истифода мебаранд, ки кори онҳо ба чен кардани тағйироти хосиятҳои физикии моддаҳои гуногун, ки бо таъсири фишор ба амал меояид, асос ёфтааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …