Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Манҷурҳо

Манҷурҳо

МАНҶУРҲО (худ «мавчжу нялма» гӯянд; ба хитоӣ: мавчжу жэв ци жэн), халқ, аҳолии асосии шимолу шарқи хитой, асосан дар қисми ҷануб Манҷурия зиндагӣ мекунанд. Шумораашон қариб 11 млн. нафар (2017 сол). Ба забони манҷурӣ фақат дар музофоти Хэйлунцзян, дар дигар мавзеъҳои Хитой бошад, ба забони хитоӣ гап мезананд. Мӯътақидони дину мазҳаб пайрави буддоия ва даосия буда, аҷдодони худро мепарастанд. Манҷурҳо асосан авлодони аҳолии қадимии шимолу шарқи Хитой буда, дар солномаҳои хитоӣ чун қабилаҳои тунгус номбар шудаанд.

Манҷурҳо

Дар ташаккули Манҷурҳо қабилаҳои ҳамҷавори турк, муғул ва ғайра иштирок кардаанд. Ибтидои асри 17 халқият ва сарзамини ягонаи Мавчжу ташаккул ёфт. Манҷурҳо асри 17 Корея, Хитой ва Муғулистон, асри 18 Нунгария ва Тибетро забт намуда, империяи Цинро ташкил доданд. Манҷурҳо ва хитоиҳо бо ҳам омехта, забон, урфу одат, унсурҳои маданияти модлию маънавии якдигарро такмил доданд. Дар байни Манҷурҳо унсурҳои тақсимоти авлодӣ, ҷиҳати хоси иқоматгоҳҳо, урфу одат ва ғайра боқӣ мондаанд. Машғулияти асосии Манҷурҳо деҳқонӣ буда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ коркарди чӯб тараққӣ кардааст. Манҷурҳо қисман дар саноат кор мекунанд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …