Главная / Без рубрики / МАНИФЁСТИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТӢ

МАНИФЁСТИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТӢ

«МАНИФЁСТИ ПАРТИЯИ КОМ­МУНИСТӢ», нахустин ҳуҷҷати программавии коммунизми илмиет, ки дар он ғояҳои асосии марксизм ифо­да ёфтаанд. К. Маркс ва Ф. Энгельс «М. П. К.»-ро бо сулорииш Конгресси 2-юмн Иттифоқи коммунистон (1847) ҳамчун программаи Итгифоқ навиштанд. Соли 1848 дар Лондон бори аввал ба забони немисӣ нашр гардид. В. И. Ленин боигарии ғоявии «М. П. К.»-ро тавсиф намуда, на­вишта буд: «Дар ин асар бо як возеҳӣ ва равшании гениалона ҷаҳонбннии нав, материализми паи дар ҳам, ки олами ҳаёти социалиро ҳам дар бар мегирад, диалектика ҳамчун таълимоти ҳаматарафатар ва чуқуртари оид ба тараққиёт, назарияи муборизаи синфӣ ва роли оламшумули таърихии революционии пролетари­ат, ки буньёдкунандаи ҷамъияти на­ви коммунистӣ мебошад, тасвир кар­да шудааст» (Ас. ҷилди 21, саҳифа 36).

manifest_kommunisticheskoj_partiiК. Маркс ва Ф. Энгельс дар «М. П. К.» аввалин бор дар таърихи инсоният мавқеи формацияи капиталистӣ, ҷиҳатҳои прогрессивии онро назар ба формацияҳои пешина муайян наму­да, ҳалокати ногузири капитализм ва ғалабаи ҳатмии социализмро аз ҷиҳати илмӣ исбот карданд. Асосгузорони коммунизми илмӣ нишон доданд, ки таърихи ҳамаи ҷамъиятҳое, ки вуҷуд доштанд (бидуни ҷамоаи ибтидоӣ), таърихи муборизаи синфҳо буд. Дар ҷамъияти буржуазӣ ду синфи асосии ба ҳам зид — буржуа­зия ва пролетариат муборизаи оштинопазир мебаранд. Буржуазия аз ҷиҳхати иқтисодӣ синфи ҳукмрон гардида, ҳокимияти давлатиро ба дасти худ гирифт ва онро ҳамчун воситаи ҳифзи манфиатҳои тамаъкоронаи синфии худ ва тазйики меҳнаткашон истифода мебарад. К. Маркс ва Ф. Энгельс дар «М. П. К.» зиддияти оштинопазири дохилии ҷамъияти буржуазиро нишон доданд. Зиддняти байни характери ҷамъиятии истеҳсолот ва шакли хусусии аз худ кардани маҳсулот зиддияти асосии капитализм мебошад, ки он кризисҳои иқтисодиро ба вуҷуд меорад.

Дар «М. П. К.» роли умумиҷаҳонии таърихии пролетариат ҳамчун синфи ягонаи революционие, ки гурков ҷамъияти капиталистӣ ва бинокорӣ коммунизм буда, манфиати меҳнаткашонро ҳимоя мекунад, ҳаматарафа асоснок карда шудааст. Маҳз синфи коргар шакли моликияти хусусии капиталистиро нест карда, тамоми сарватҳоро ба моликияти ҷамъиятӣ табдил дода, ҷамъиятро аз истисмори капитализм наҷот дода метавонад. Аммо ин вазифаро,— қайд мекунанд муаллифони «М. П. К.»,—синфи коргар фақат бо роҳи истифодаи қувваи революционӣ, бо роҳи револютсияи социалистии пролстарӣ иҷро карда метавонад. К. Маркс ва Ф. Энгельс зарурати ташкил намудани партияи сиёсии пролетариатро асоснок, роли таърихӣ ва вазифаҳои онро муайян, муносибати байни партия ва синфи коргарро маънидод карданд.

Яке аз принципҳои асосии фаъолияти рсволюционии коммунистони мамлакатҳои гуногун,—қайд карда буданд К. Маркс ва Ф. Энгельс,— кӯмак ва дастгирии тарафайн дар муборизаи зидди зулм ва истисмори иҷтимоии онҳо мебо­шад. Асоснок кардани ин принцип — принципи интернационализми пролетарӣ магз андар мағзи «М. П. К.»- ро фаро гирифтааст. К. Маркс ва Ф. Энгельс мақсади бузург ва инсонпарваронаи коммунистонро маънидод карда, дар «М. П. К.» ба муқобили коммунистон тамоман беасос ҳуҷум овардани идеологҳои буржуа­зиро қайд намуданд. Ғояи диктатураи пролетариат яке аз ғояҳои асо­сии «М. П. К.» мебошад. К. Маркс ва Ф. Энгельс буржуазияи реакционӣ ва ҷараёнҳои майдабуржуазиро, ки дар зери байрақи социализм баромада, худро ҳомию ходии халқ вонамуд мекарданд, бераҳмона танқид намуданд. Онҳо дар «М. П. К.» тактикаи асосии революционии коммунистонро ифода карданд. «М. П. К.» бо даъвати оташини интернационалии «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо, як шавед!» поён меёбад.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

muhabbat

МУҲАББАТ

МУҲАББАТ (меҳр, дӯстдорӣ), ҳисси дилбастагӣ, умумияти муносибат ва қаробати байни одамопн ки ба манфиат ва …