Маълумоти охирин

Мани

МАНИ – ин моеии аз чондорхои нарина хосилшаванда, ки ба забони руси «сперма» мегуянд ва аз забони юнони «sperma» гирифта шуда маънояш «тухм» мебошад.  Мани ин моеъи сафедчатоби гализ, ки мардон ва хайвонхои нарина, одатан хангоми алокаи чинси мебароранд.

Мани

Манихо сафеда (аз он чумла ферментхо, нуклеопротеидхо), липид, ангиштоб, витамин, простагландин, намакхои натрий, калий, калций ва дигар моддахои органики ва ноорганики дорад. Манихо дар арафаи балогат пайдо шуда, дар давраи балогат ба хадди эътидол хосил мегардад, дар давраи пири бошад, кам мешавад. Дар аксари хайвонхои бемухра ва баъзе хайвонхои мухрадор (мохихо, обхокихо, хазандахо, бисёрии паррандахо ва ширхурхо) Манихо мавсим ба мавсим хосил мешавад.

Дар баъзе холатхои патологии организм Манихо нутфа надорад (азооспермия, аспермия) ё микдори нутфаи он кам мешавад (олигоспермия), нутфахои мавтшуда (некроспермия) ва ё аномали (тератоспермия) дорад. Манихо барои муайян кардани сабаби безурёти, инчунин дар амалияи экспертизаи судии тибби тадкик мекунанд. Мукаррар кардани сифат, роххои нигох доштан ва усулхои гирифтани Манихо барои бордоркунии сунъии хайвонхои хочагии кишлок ахамияти калон дорад.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …