Маълумоти охирин
Главная / Без рубрики / МАНЪИ БОЗОР

МАНЪИ БОЗОР

МАНЪИ БОЗОР – навъи ҷазо, ки то Револютсияи Октябр дар байни ҳунармандону косибони Осиёи Миёна нисбат ба коргурезон, қаллобону фиребгарон раво дониста мешуд. Мӯҳлат ва шарти адои Манъи бозорро бобои косибон ё раиси касабӣ муайян мекард.

mani_bozor

Агар касе қарз ё гуноҳи ҷинояткорро харида нагирад, амр ҳукми қонун мегирифт. Гунаҳкор дар дӯконхонаи соҳибкор то адо намудани бунак ва аз тарафи бобои косибон, раиси касаба ё соҳибкор бегуноҳ дониста шуданаш пой ба занҷир кор мекард. Ӯ ҳуқуқ ва имконият надошт, ки аз дӯконхона берун барояд. Устокор ба вай хӯрок медод, вале музди корро чун адои қарз нигаҳ медошт. Мӯҳлати Манъи бозор вобаста ба гуноҳ баъзан чанд сол муайян карда мешуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …