Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Манғития

Манғития

МАНҒИТИЯ – сулолаи амирони Бухоро аз қабилаи Манғитҳо. Солҳои 1753—1920 ҳукмронӣ кардаанд. Баъд аз сулолаи Аштархониён ба сари ҳокимият омаданд. Давраи ҳукмронии Манғития аз вақти ба тахт нишастани Муҳаммадраҳимхон (1753) оғоз ёфт. Баъд аз вафоти ӯ наберааш (фарзанди духтараш) Фозилтура ба тахт нишаст, вале дар амал идори Ҳокимият дар дасти амаки Муҳаммадраҳимхон — Дониёрбек (1758 — 85) буд. Баъд аз ӯ Шоҳмурод (1785— 1800), Ҳайдар (1800—26), Насруллоҳ (1826—60), Музаффар (1860—1885), Абулаҳадхон  (1885—1910), Олимхон (1910—1920) дар аморати Бухоро ҳукмронӣ кардаанд. Ҳокимияти сулолаи Манғития дар натиҷаи Инқилоби Бухоро ва ташкил ёфтани Республикаи Халқии Советии Бухоро барҳам хӯрд.

Амир Олимхон

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …