Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри Манчестер

Шаҳри Манчестер

МАНЧЕСТЕР (Manchester) – шаҳр, яке аз марказҳои калони иқтисодӣ ва бандарҳои асосии баҳрии Британияи Кабир. Дар соҳили дарёи Эруэлл ва канали баҳрии Манчестер, ки Манфиатро бо баҳри Ирланд мепайвандад, воқеъ гаштааст. Маркази маъмурии графин Ланкашир. Аҳолиаш 517 ҳазор нафар (2017). Бо 52 шаҳри Лаикашири Ҷанубу Шарқӣ (2,6 млн нафар аҳолӣ, 2016) конурбақияро ташкил медиҳад.

Манчестер шаҳр
Сурати шаҳри Манчестер

Соҳаҳои муҳими саноат: мошинсозии гуногун (таҷҳизоти электроэнергетикӣ, аппаратураи электронӣ, дастгоҳҳо, муҳаррикҳо, қисмҳои автомобилу самолёт, мошинҳои бофандагӣ ва ғайра), химия (рангубори матоъ, нахи сунъӣ, пластмасса, дорувор ва ғайра) . Саноати бофандагӣ, дӯзандагӣ, резин, қоғаз, металлургӣ, полиграфия, хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар шимолу ғарбтари Менчестер ҳавзаи ангишти Ланкашир ҷой гирифтааст; дар ғарбтари Менчестер маркази атомии Риели кор мекунад. Ба воситаи бандар нефт, пахта, чӯб, каучук, оҳанпора оварда шуда, маҳсулоти саноатӣ бароварда мешавад.

Ш. МАНЧЕСТЕР ДАР ХАРИДА

Менчестер маркази калони илмӣ ва маданӣ аст. Университет (аз 1880), чандин мактабҳои олӣ, нигористони бадеӣ, музейҳои таърихӣ ва табиатшииосӣ театрҳо дорад. Ёдгориҳои меъморш асрҳои 15—16 ва 19 дорад. Дар Менчестер К. Маркс ва Ф. Энгелс зиндагӣ ва кор кардаанд. Менчестер бори аввал дар маъхазҳои аср зикр шудааст.

Видео дар бораи шаҳри Манчестер

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …