Маълумоти охирин

Мамонт

МАМОНТ (Mammuthus primigeni-us), ҳайвони ширхӯри мурдарафтаест ва аз оилаи филҳо буд. Дар Аврупо, Осиёи Шимолӣ ва Америкаи Шимолӣ дар нимаи дуюми плейстоцен зиндагӣ карда, қариб 10 ҳазор сол пеш аз байн рафтааст. Қади Мамонт 2,5—3,5         метр, вазнаш 7 тонн буда, пойҳои кӯтоҳ ва мӯи ғафс дошт. Дарозии очаш 4 метр ва вазни он 100 кг. буда, бо ёрии он аз зери барф алафу буттаро дарёфт мекард. Мамонт ҳамзамони одами асри санг буд. Бозёфти устухони Мамонт дар палеолит аз ин шаҳодат медиҳад. Расм ва муҷассамаҳои Мамонт, ки одамони қадим офаридаанд, низ пайдо шудаанд.

Мамонт
Расми Мамонт

Дар шимоли Сибир ва Аляска зиёда аз 40 ҷасади Мамонт аз қабати ҷинсҳои кӯҳии яхбастаи бисёрсола ёфт шудааст. Намунаи мукоммалтари Мамонтро Экспедицияи АФ Петербург (1901-02) дар соҳили дарёи Березовка дарёфт намуд. Оид бa Мамонт тадқиқоти анатомӣ, гистологӣ ва биохимиявӣ бурдаанл, Хӯса скелети Мамонт дар Музеи зоологияи Ленинград гузошга шудааст. 23 июни 1977 дар водии Киргиляи ноҳияи Сусумаяи вилояти Магадан булдозерчӣ А. В. Логачев ҳангоми кушода, тахт кардани қабати регион тиллодор ҷуссаи бутуни бо пашми зарди бӯр пӯшидашудаи мамонтбачаеро дарёфт.

mamont_ustuxon
Устухон – скелети Мамонт

Олимони Шӯравӣ дар таҳти раёсати академик  Н.А. Шило муайян намуданд, ки ин мамонтбача (баландиаш 104 см ва вазнаш 70 кг) 10 ҳазор сол муқаддам зиндагӣ кардааст. Бозёфти мазкур ягона дар дунё буда, дорои аҳамияти калони илмӣ мебошад. Боқимондаи Мамонт барои муайян намудани синни геологии таҳшини континенталии антропоген ёрӣ мерасонад.

Ад.: Илларионов В. Т., Мамонт. К истории его изучения в СССР, Горький. 1940; Аугуста Й„ Бурнан 3., Книга о мамонтах, Прага, 1963.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …