МАМАДҚУЛИЗОДА Ҷалил (тахалл. — Мулло Насриддин; 22. 2. 1866, Нахҷувон— 4. 1. 1932, Боку), нависандаи советии озар, ходими ҷамъиятӣ. Солҳои 1888-98 муаллим буд. Аз соли 1903 дар Тифлис зиндагӣ кардааст. Соли 1906 ба нашри журнали ҳаҷвии «Мулло Насриддин» cap карда, ҳаракати миллии озодихоҳии мамлакатҳои Шарқро, химоя менамояд. Иштирокчии Революцияи 1905—07.
Пас аз Революцияи Октябрь барои татбиқи ҳуруфоти нав дар Озарбойҷон фаъолона иштирок намуд. Фаъолияти адабии Мамадқулзода аз солҳои 80 оғоз ёфтааст. Асосгузори анъанаҳои демократии революционӣ дар адабиёти Озарбойҷон. Дар повеет «Воқеае дар деҳаи Донабош» (1894, нашр. 1936), ҳикояи «Қуттии почта» (1904) зиндагии пурмашаққати тореволюционии мардуми Озарбойҷон инъикос гардидааст.
Маҳорати хаҷвнависии Мамадқулзода дар пьесаҳо, махсусан дар мазҳакаҳои зиддидинии ӯ («Мурдаҳо», 1909, «Маҷлиси девонаҳо», нашр. 1936) барҷаста зуҳур кардааст. Афкори пешқадами Мамадқулзода ва журнали ӯ дар роҳи бедорӣ ва худшиносии халқҳои Осиёи Миёна роли муҳим бозидааст. Ҳикояҳои Мамадқулзода ба забони тоҷикӣ тарҷума шудаанд: «Ҳикояҳо» (1962). Соли 1963 Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ «Мурдаҳо»-ро ба саҳна гузошта буд.
Ос.: Четки хана. М., 1966.
Ад.: Ибрагимов М., Джалил Мамедкулизаде. М., 1966.