Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАЛШКО Андрей Самойлович

МАЛШКО Андрей Самойлович

МАЛЬШКО Андрей Самойлович (14. 11. 1912, деҳаи Обухов, ҳозира вилояти Киев —17. 2. 1970, Киев), шоири советии украин. Аъзои КПСС аз соли 1943. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—45). Асарҳояш аз соли 1930 нашр шудаанд. Маям, аввалини Малышко «Ватан» (1936) ном дорад. Ашъори давраи аввали Малышко бештар характери лирикӣ дошта, самимӣ ва пурҳаяҷонанд (маҷмӯаи «Лирика», 1938, «Таваллуд ёфтани писарон», 1939 ва ғ.).

МАЛШКО Андрей СамойловичДостонҳои «Ярина» (1938), «Кармалюк» (1940), «Андешаҳо дар бораи казак Данила» (1941) аз гузаштаи халқи украин ҳикоят мекунанд. Эҷодиёти давраиҷангии М. аз ғояҳои ватанпарварии советӣ саршор аст (маҷмӯаҳои «Украинаи ман», 1942; «Муҳориба», 1943; достони фалсафии «Прометей», 1946)..

Дар достони «Ин дар субҳидам буд» (1948) симои колхозчизанони Украина тасвир шудааст. Малышко муаллифи маҷмӯаи шеърҳои сиёсии «Дар он тарафи баҳри кабуд»-и(1950), маҷмӯаи ашъори лирикии «Нимарузии аср» (1960), «Шаффофӣ» (1962) ва ғ аст. Лауреати Мукофоти давлатии СССР (1947, 1951, 1969). Асарҳои Малышко ба бисьёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудаанд. Намунаи  ашъораш ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст: маҷмӯаи «Қиссаи нотамом» (1961). Лауреати Мукофоти давлатии РСС У ба номи Т. Г. Шевченко (1964). Бо 2 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ос.: Стихи и поэмы, М., 1962; Дорога под яворами, М., 1967.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …