Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Малиновский, Родион Яковлевич

Малиновский, Родион Яковлевич

МАЛИНОВСКИЙ Родион Яковлевич (23. 11.1898, Одесса — 31. 3. 1967, Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи Советӣ (1944), ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1945 ва 1958),Қаҳрамони Халқии Югославия (1964). Аъзои КПСС аз соли 1926. Аз соли 1914 дар армия. Солҳои 20—30 ӯ аз командири взвод то ба дараҷаи командири корпус сабзида расид. Академияи ҳарбии ба номи М. В. Фрунзеро хатм намуд (1930). Дар аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба корпуси 48-уми тирандозӣ, аз августи 1941 ба Армияи 6-ум фармондеҳӣ мекард. Аз декабри 1941 то июли 1942 фармондеҳи Фронти ҷанубӣ, аз август то октябри 1942 ба Армияи 66-ум дар шимолтари Сталинград фармондеҳӣ мекард. Октябр ноябри 1942 ҷонишини фармондеҳи қӯшунҳои Фронти Воронеж.

alinovski-radionАз охири ноябри 1942 фармондеҳи Армияи 2-юми гвардиягӣ буд. Аз феврали 1943 фармондеҳи Фронти ҷанубӣ ва аз март фармондеҳи Фронти ҷанубу ғарбӣ. Аз май 1944 то май 1945 ба қӯшунҳои Фронти 2-юми Украина, ки дар амалиёти Яссы—Кишинёв дар озод кардани Руминия, Венгрия, Австрия ва Чехословакия иштирок кардаанд, фармондеҳӣ мекард. Аз июли 1945 фармондеҳи қӯшунҳои Фронти Забайкалия таъин шуд, ки он қӯшунҳо дар амалиёти стратегии Манҷурия зарбаи асосӣ зада буданд. Баъд аз ҷанг фармондеҳи Округи ҳарбии Забайкалу Амур (1945—47), Сарфармондеҳи қӯшунҳои Шарқӣ Дур (1947—53), фармондеҳи қӯшунҳои Округи ҳарбии Шарқи Дур (1953—56), ҷонишини 1-уми вазири мудофиа ва сарфармондеҳи қӯшунҳои хушкигард (1956—57). Аз октябри 1957 то марти 1967 вазири мудофиаи СССР.

Муаллифи китоби «Аскарони Россия» (1969). Аз соли 1952 номзад ба аъзоии КМ КПСС, аз 1956 аъзои КМ КПСС, депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—7). Бо 5 ордени Ленин, ордени «Ғалаба», 3 ордени Байрақи Сурх, 2 ордени Суворов (дараҷаи 1), ордени Кутузов (дараҷаи 1), 16 ордени хориҷӣ ва бо медальҳо мукофотонида шудааст. Дар девори Кремли Майдони Сурх мадфун аст. Академияи ҳарбии қӯшуни танкҳои зиреҳпӯш ба номи ӯ гузошта шудааст.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …