Маълумоти охирин

Маликушшуаро

МАЛИКУШШУАРО – ин унвови фахрии расмие, ки дар доираҳои адабии дарбор ба шоирони маъруфу машҳур дода мешуд. Шоироне, ки ба унвони Маликушуарро сазовор гаштаанд, нисбат ба дигар шоирону нависандагон мартабаи болотаре доштанд ва аз наздикони шоҳ ба ҳисоб мерафтанд. Бахшидани унвони Маликушуарро аз давраи ҳукмронии Ғазнавиён (султон Маҳмуд) шурӯъ шудааст.

Шоирони Дарбор

Нахустин шоире, ки ба қавли аксарияти муаллифони сарчашмаҳои адабию таърихӣ ба ин унвон сарфароз гардидааст, Унсурӣ буд. Баъд аз Унсурӣ чанде аз шоирон, аз ҷумла Амъақи Бухороӣ, Абдумалики Бурҳонӣ, Амир Мунзай, Абулъалои Ганҷавӣ, Мавлоно Бадахшӣ, Ғизолии Машҳадӣ, Файзии Даканӣ, Толиби Омулӣ ба ин унвон соҳиб шудаанд. Дар адабиёти асрҳои 16—19 тоҷик ба ғайр аз Мушфиқӣ, унвони Маликушшуароро гирифтани дигар шоире маълум нест. Дар Эрон аз асри 16 як тараф чанд шоир унвони Маликушуароро дарёфтаанд, ки охирини онҳо Баҳор буд.

Дар Афғонистон Бетоб ба унвони Маликушуаро расида буд. Маликовҳои ҳар як қадр, хусусан, асрҳои 11—12, пеш аз ҳама тағрибгарони содиқи нибсати давлатдории ҳокимони асри хеш, ифодакунандаи манфиатҳои синфӣ, вассофи шаъну шавқат ва дабдабаи салтанат ва расму русуми онҳо буданд. Доираи адабиеро, ки сарварӣ мекарданд, низ ба ҳамин роҳ ҳидоят менамуданд. Инчунин ҳар як шоире, ки ба хидмати дарбор ҷалб карда мешуд, вазифадор буд дар навбати аввал шеъри худро барои нақду баррасӣ аз назари Маликушуарро гузаронда, баъд дар назди подшоҳ бихонад. Муродифҳои Маликушуарро «Амирушшуаро», «Султонушуаро» мебошанд. Якчанд лақабу унвонҳои фахрию эҳтиромӣ чун «Соҳибқирони шоирӣ», «Хотиматуш-шуаро», «Маликулкалом», «Лисонул-ғайб», «Халлокулмаонӣ» ва ғарй низ вомехӯранд, ки зоҳиран унвонҳои ғайрирасмӣ мебошанд.

 

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …