Маълумоти охирин
Мали

Мали

МалиМАЛИ – Ҷумҳурии Мали (Hepubligue du Mali), давлат дар Африкаи Ғарбӣ. Мали дар Ғарб бо Сенегал, дар Шимол бо Мавритания ва Алҷазоир, дар шарқ бо Нигер, дар Ҷануб бо Вольтаи Боло, Соҳили Оч ва Гвинея ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 1,24 миллион километри мураббаъ. Аҳолиаш 19 миллион нафар дар соли 2017 аст, ки афзоишаш дар 30 соли охир ба 200% баробар аст. Пойтахташ ш. Бамако. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 7 вилоят тақсим шудааст. Бамако округи алоҳида аст.

Сохти давлатӣ.

Мали— республика аст. Сардори давлат ва ҳукумат—президент; то 28 июни 1979 ҳокимият дар дасти Комнтети ҳарбии озодии миллӣ (ЮфМ) буд. Органи қонунбарор — Маҷлиси миллӣ (бори нахуст 19 июни 1979 интихоб гардид). Солҳои 2012, 1991, 1985 тағйирот дар сохтори роҳбарикунандаи кишвар ба вуқуъ пайвастааст.

Табиат.

Рельефи Мали асосан ҳамвор. Пуштакӯҳҳои регсанг (баландиашон 200—500 м.) дорад, ки то баландии Бандиагара (791 м.) тӯл кашидаанд. Дар Ғарб ва Ҷанубӣ. Ғарб шохаҳои массиви кӯҳии Фут-Ҷалдон (баландиашон 795 м) ва Шимолу Шарқии пуштакӯҳи Ифорас воқеанд. Сарватҳои зеризаминӣ: тилло, алмос, боксит, маъданҳои полиметаллӣ, уран, манган, оҳан, молибден, мис, фосфорит, гаҷ. Иқлими қисми шимолии Мали тропикӣ, биёбонист. Ҳарораташ нимаи декабри 21,3° С, июль 34’* С. Боришоти солона 50— 200 мм. Иқлимаш субэкваторист. Ҳарораташ нимаи декабр 24”С, май 32,7е С. Боришоти солона 500—1000 мм. Мавсими боронгарӣ — июл—октябр Дарёҳои калон: Нигер ва Сенегал. Олами набототи Мали асосан биёбонӣ ва нимбиёбонӣ, дар Ғ.—саванна. Олами ҳайвонот: оҳу, ғазол, фил, заррофа, кафтор, гуроз, шер, бабр, шағол ва ғ. Дар дарёю кӯлҳо моҳӣ, тимсоҳ ва дар д. Нигер ва соҳили он баҳмут бисьёранд. Парранда: лойхӯрак, қоз, мурғобӣ, турна, лаклак, баклан ва ғ. Аз ҳашарот мӯрча, занбӯри асал ва хомӯшак васеъ паҳн шудааст.

Мали дар Харита

Аҳолӣ. Дар Мали халқҳои мандезабон (бамбара, малинке, соннике, дуала, сану), халқҳои мансуби оилаи забонҳои гур (сенуфо, догон, бобо, моей) ва атлантия (фулбе, волоф), соинанҳо, дар Саҳрои Кабир туарегҳо ва арабҳо зиндагй мекунанд. Забони расмӣ — фаронсавӣ. Қисми зиёди аҳолии маҳаллӣ ба забони бамбарӣ гап мезанад. Аҳолӣ – мусулмон ва пайрави дину оини маҳаллианд. Зичии аҳолӣ дар 1 км. 8 нафар (2017с). Зиёда аз 70% аҳолӣ дар водии д. Нигер зиндагӣ мекунанд. Шаҳрҳои калон: Бамако, Мопти, Сегу, Каес, Сикасо, Гао, Томбукту.

Очерки таърихӣ.

Таърихи қадими Мали пурра омӯхта нашудааст. Асрҳои миёна дар ҳудуди Мали (Африкаи Ғapбӣ) аввалин давлатҳо ба вуҷуд омаданд, ки калонтарини онҳо давлати Гана, Мали ва Сонган буданд. Дар ин давлатҳо дар баробари сохти общинагӣ муносибатҳои феодалӣ ташаккул ёфтанд. Дар нимаи дуюми асри 19 ноҳияҳои марказии Африкаи Ғapбиро Фаронса забт намуда, ба мустамликаи худ табдил дод. Халқи маҳаллӣ дар poҳи истиқлолияти худ мардонавор мубориза мебурд. Бар зидди истилогарон туарегҳо муборизаи сахт (1915—18) мебурданд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаракати зидди мустамликадорон авҷ гирифт.

Парчами Мали
Парчами Мали

Соли 1946 дар Бамако конгресси муасисони Иттиҳодияи демократии Африка барпо гардид ва Иттифоқи Судон ташкил шуд. Ташкилотҳои касаба таъсис ва ҳаракатҳои корпартоӣ вусъат ёфтанд. Мувофиқи конституцияи нави Франция 28 сентябри 1958 Судони франсавӣ бо номи Республикаи Судон ба статуси давлатӣ — аъзоии Иттифоқи Франция ноил шуд. Соли 1959 Республикаи Судон ва Рсспубликаи Сенегал ба федерацияи Мали муттаҳид гардиданд. Баъди аз федерасия баромадани Сенегал Съезди фавқулодаи Иттифоқи Судон ташкил ёфтани Республикаи Малин соҳибихтиёрро (22 сентябри 1960) эълон кард. Ҳукумати Мали барои мустаҳкам намудани истиқлолияти сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат тадбирҳо андешид. Соли 1961 базаҳои ҳарбии Франция, ки дар Мали буданд, барҳам дода шуданд. Дар саноат сектори давлатӣ ташкил ва хоҷагии қишлок кооперативонида, фаъолияти монополияи хориҷӣ маҳдуд карда шуд. Барои навсозии маорифи халқ ва нигаҳдории тандурустӣ низ тадбирҳо қабул карда, ба ҳаёт гузарониданд. Октябри 1960 бо Иттифоқи шӯъравӣ муносибатҳои дипломатӣ ба роҳ монда шуд, марти 1961 доир ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, робитаҳои маданӣ ва ғайра шартнома ба имзо расид. 19 ноябри 1968 дар Мали табаддулоти ҳарбӣ ба вуқӯъ омад. Комитети ҳарбии озодии миллӣ ташкил ёфт. Иттифоқи Судон ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ пароканда карда шуданд. Сарварони Комитети ҳарбии озодии миллӣ изҳор намуданд, ки принсипҳои асосии сиёсати берунӣ, тараққиёти иқтисодиёти миллӣ тағйир нахоҳад ёфт. Мали дар солҳои охир низ сиёсати зиддиимпериалистӣ, зиддимустамликадорӣ ва принципи бетарафиро давом медиҳад. Мали аз соли 1960 аъзои ТДМ.

Хоҷагӣ

mali_bamakoМали— мамлакати аграрӣ. Баъди ба истиқлолият соҳиб шудан дар саноат, хоҷагии қишлоқ, нақлиёт ва ғайра сектори давлатӣ хеле инкишоф ёфт. Дар хоҷагии халқ плани давлатӣ ҷорӣ карда шуд. 80% аҳолӣ дар хоҷагии қишлоқ кор мекунад. Xоҷагии қишлоқ 45% маҳсулоти умумии миллиро медиҳад. Зироати ноҳияҳои камбориш бо роҳи сунъӣ обёрӣ мешавад. Заминҳои обӣ асосан дар «Оффис дю Нижер» воқеанд. Дар солҳои истиқлолият хоҷагиҳои давлатӣ ташкил ёфтанд, ки дар онҳо асосан шолӣ, лаблабу ва найшакар кишт мекунанд. Заминдории общинагӣ бартарӣ дорад. Арзан, чойҷуворӣ, шолӣ, ҷуворимакка, батат, ямс парвариш карда мешавад. Боғдорӣ (анба, напайя, растаниҳои цитрусӣ) ва сабзавоткорӣ тараққӣ кардааст. Мали яке аз давлатҳои калони чорводории Африкаи Ғарбӣ мебошад. Мали соли 1977 (ба ҳисоби млн. cap) 5,0—гов, 11,7 — бузу гӯсфанд дошт. Моҳигирӣ инкишоф ёфтааст.

Саноати Мали баъди ба даст овардани истиқлолият рӯ ба тараққӣ ниҳод. Дар соли 1978 иҷрои плани панҷсолаи тараққиёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (солҳои 1974—78) ба анҷом расид. Аз ҷиҳати ҳаҷми истеҳсолот дар мамлакат саноатӣ сабук (бофандагӣ, чарму пойафзол, тамоку) дар ҷои 1-ум, истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ (заводҳои хишт, сафолиёт ва заводи цемент, ки соли 1969 бо ёрии Иттифоқи Шӯъравӣ дар Диаму сохта шудааст) дар ҷои 2-юм, саноати хӯрокворӣ (шоликӯбӣ, равғанкашӣ, қанд, консерв ва ғайра) дар ҷои 3-юм меистад. Истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ идома дорад (оҳаксанг, боксит, мармар, маъдани оҳан, тилло ва ғ.). Косибӣ тараққӣ кардааст. Истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи электр 75—85 млн. квт. с Тӯли роҳи оҳан 645 км. Дарёҳои Нигер ва Сенегал киштигард. Аэропортҳо дар шаҳрҳои Бамако (байналхалқӣ), Гао, Гундаме, Сегу, Мопти, Каес ҳастанд. Мали ба хориҷа пахта, чорво, чарм, чормағи заминӣ ва моҳӣ мебарорад. Аз хориҷа озуқаворӣ, мошин, таҷҳизот, сӯзишворӣ, автомобил ва ғ. мегирад. Мали асосан бо Франция, Сенегал, Соҳили ОҶ, Гана, Япопия ва СССР савдо мекунад. Воҳиди пул — франки Мали.

Нигаҳдории тандурустӣ

Солҳои 1970 ба 1000 нафар аҳолӣ ба ҳисоби миёна 49,8 таваллуд, 26,6 фавт, ба 1000 нафар кӯдаки навзод 120,0 нафар фавт рост омад. Сабаби асосии фавт: вараҷа, касалиҳои меъдаю рӯда. Дар деҳот касалиҳои махав, трахома паҳн шуда буданд. Солҳои ҳафтодум дар Мали 114 беморхонаи дорои 3,7 ҳазор кат (0,7 кат ба 1 ҳазор нафар), 9 поликлиника, 294 амбулатория буд. Соли 1972 –юм 140 духтур (1 духтур ба 40 ҳазор нафар) кор мекард. Коркунони миёнан тиббӣ дар 3 мактаб, духтурон дар хориҷа (Сенегал, Франция, СССР) тайёр карда мешаванд.

Маориф

ш. Бамако - Пойтахти Мали
Бамако – Пойтахти Мали

То давраи истиқлолият 97,8% аҳолӣ бесавод буд. Дар солҳои истиқлолият ислоҳоти мактаб гузаронда шуд. Барои 4 забони асосии мамлакат алифбо тартиб доданд. Мактаби асосии бепул ва ҳатмӣ (мактаби миёнаи 9-сола), мактаби пулакии 3-сола, системаи маълумоти касбӣ мавҷуданд. Соли таҳсил 1972/73 300 ҳазор талаба буд. Мали мактаби олӣ, мактаби олии педагогӣ, мактаби олии маъмурӣ, институти политехникӣ ва ғайра дорад. Дар ибтидои солҳои 70 тақрибан 15000 донишҷӯ мехонд.

Мали 7 китобхона, музеи миллӣ, китобхонаи муниципалӣ, Музеи марказии адабиёти араб (дар Томбукту) дар соли 1980 дошт.

Нашрияҳои асосии даврӣ: «Эссор» (газетаи ҳаррӯза, аз соли 1948; органи Комитети ҳарбии озодии миллӣ), «Кибару» (газетаи моҳона ба забони бамбарӣ), «Бараколла» (газетаи ҳармоҳа, органи Иттифоқи миллии меҳнаткашон). «Журнал офисел дела Репюблик дю Мали» (органи ҳукуматӣ), Радиои давлатӣ (таъсисаш 1957) барномаҳояшро ба забонҳои франсавӣ, фулбе, бамбарӣ, тамашек ва ғ. мешунавонад.

Адабиёт: Гауссу Диавара.. Рождение Мали, .М., 1965; Коцдpатьев Г. С., Путь Мали к независимости, М., 1970; Редченко Г. Ф., Республика Мали, М.. 1969.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …