Маълумоти охирин

Малай

МАЛАЙ, галаҷазираи Малай, калонтарин гурӯҳи ҷазираҳои рӯи Замин дар Ғapби уқёнуси Ором, байни қитъаҳои Осиё ва Австралия. Бештар аэ 10 ҳазор ҷазираро дар бар мегирад. Масоҳати умумиаш қариб 2 млн км2. Дар Малай давлатҳои Индонезия, Малайзия ва Филиппин ҷой гирифтаанд. Аз ҷазираҳои Зонди Калон ва Хурд, Молукка, Филиппин ва чандин гурӯҳ ҷазираҳои хурд иборат аст. Ҷазираҳои калонтарин: Суматра, Калимантан, Сулавеси, Ява, ки ба таркиби ҷазираҳои Зонди Калон дохил мешаванд. Рельефи Малай асосан кӯҳист. Баландии аксари кӯҳҳо миёна ва паст. Нуқтаи баландтарини галаҷазира 4101 м. (к. Кинабалу дар ҷазираи Калимантан).

Галачазираи малай

Дар Малай бештар аз 330 вулқон мавҷуд аст, ки 124-тоаш амалкунанда (машҳуртаринаш вулқони Кракатау) мебошад. Серзилзила. Конҳои калони қалъагӣ, конҳои нефт, маъдани оҳан, никел, волфрам, манган, боксит ва ғ. дорад. Иқлимаш экваторӣ, дар Шимол ва Ҷануби— субэкваторӣ. ҳаророрати ҳаво дар давоми сол кам тағйир меёбад, дар ҳамвориҳо 23—26° С, дар кӯҳҳо 15—17%.

Кӯҳи Кинабалуро барфҳои доимӣ пӯшидаанд. Боришоти солона 1000—5000 мм. Дарёҳояш кӯтоҳу пуроб буда, захираи бои гидроэнергетикӣ доранд. Хокаш сурхи латеритӣ, сурхи бӯр ва ҷигарранг, дар кӯҳҳо бурҳон ва марғзорию ботлоқӣ. Олими набототи Малай бой аст. Танҳо дар ҷазираи Ява бештар аз 6000 намуди растанӣ вомехӯрад. Қисми зиёди Малайро бешаҳои сернами тропикии ҳамешасабз ва саваниаҳо фаро гирифтаанд. Олами ҳайвоноташ гуногун ва бой. Маймунҳои одамшакл ва сагшакл, фил, каркадан, хирси малай, гурги сурхи малай ва ғ. ҳайвонҳои хоси Малай мебошанд.

Малай дар харита

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …