Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Малайҳо

Малайҳо

МАЛАЙҲО, гурӯҳи халқҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, ки баромадании, забон ва хусусиятҳои маданию маишиашон умумист. Тибқи маълумоти омори соли 2017 Малайҳо асосан дар Малайзия (15,2 млн.) ва Сингапур (0,7 млн.) зиндагӣ мекунанд. Қисми зиёди малаизабонон (8,8 млн.) дар Индонезия сокинанд. Забони Малайҳо ба якчанд шева ҷудо мешавад. Эътиқодмандон пайрави дини исломанд (аз охири асри 15), унсурҳои буддоия ва ҳиндуия низ боқӣ мондаанд. Аз ҷиҳати антропологӣ ба гурӯҳи муғулсуратҳои ҷанубӣ мансубанд. Малайҳо худро «орангмелайю»— одамони мелайю меноманд.

Малайҳо

Аҷдодони Малайҳо дар ибтидои ҳазораи 3 то мелод ба Шимолу Шарқ, дар нимҷазираи Малакка, сарҳадҳои шарқии Суматра, галаҷазираҳои Риау ва Линга, Калимантан ва дигар ҷазираҳои Индонезия паҳн шудааид. Аксарияти Малайҳо бо зироат ва моҳигирӣ машғул буда, дар саноат кор мекунанд. Санъати онҳо нашъунамо ёфта ба забони малай (ҳуруфоти лотинӣ) адабиёти сершумори бадеӣ, илмӣ ва сиёсию тарғиботӣ офарида шудаанд. Барои малайиҳо забони англисӣ забони дуюмдараҷа ҳисоб меёбад ва дар ташкилотҳои маорифӣ хеле зиёд истифода мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …