Маълумоти охирин

Мактаби кӯҳна

МАКТАБИ КӮҲНА, муассисаи таълимие, ки дар ихтиёр ва зери назорати аҳли дин буд ва ба давраҳои гуногуни таърихӣ нисбат дошт. Ба Мактаби кӯҳна мактабҳои конфессионалӣ, маросимҳои қадимӣ, мактабу мадрасаҳои мусулмонӣ ва ғайра дохил мешаванд. Мактаби конфессионалӣ аввалҳои асри миёна дар Аврупои Ғарбӣ кушода шудааст. Мақсади мактаби мазкур аз таълиму тарғиби асосҳои дин иборат буд. Ба ин принцип дар баъзе мамлакатҳо (ШМА, Англия ва ғ.) ҳоло ҳам риоя карда мешавад. Мактаби маросимҳои қадими ибтидоӣ буда, дар назди община ва ғайрҳо таъсис меёфт.

Расми Мактаби кӯҳна

Дар Россия охири асри 17, баъди ислоҳоти калисо ташкил шуд, ба хонандагони ин мактабҳо усули рӯнависӣ китобҳои қадима, сурудҳои динӣ ёд медоданд, дар онҷо ҷазои ҷисмонӣ ҷорӣ буд. Мақсади бевоситаи Мактаби кӯҳнаи Осиёи Миёна иборат аз он буд, ки ба фарзандони мусулмонон қоидаҳои дин, расму оин, тиловати Қуръон ва китобҳои динии арабиро омӯзонад. Услуби асосии таълиму тарбия тӯтивор ёд кардан ва ҷазои ҷисмонӣ буд. Дар соли 1899 дар 4632 Мактаби кӯҳна кишвар Туркистон 44773 нафар хонанда таҳсил менамуд. Дар баъзе ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна то солҳои 1927—28 ин гуна мактабҳо вуҷуд доштанд. Ниг. Мактаб , Мадраса .

И. Обидов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …