Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактаби Франкфурт

Мактаби Франкфурт

Мактаби Франкфурт – мактаби фалсафа ва социологияи муосири немис. Солҳои 30—40 асри 20 аз тарафи профессори М. Хоркхаймер (1895—1973) таъсис шудааст. Баъди ҳиҷрати Хоркхаймер ба ИМА дар Женева, Париж ва Университети Колумбияи ИМА интишор ёфт. Намояндагони асосиаш — Т. Адорно (1903—69), Г. Маркузе (1898—1979), Ю. Хабермас (тавваллуд 1929).

Макс Хоркхаймер (аз чап), Теодор Адорно (аз рост) ва Юрген Хабермас (аз рост аз пушт) дар Гейделберг, 1965 с.
Макс Хоркхаймер (аз чап), Теодор Адорно (аз рост) ва Юрген Хабермас (аз рост аз пушт) дар Гейделберг, 1965 с.

Органи асосии мактаб журнали «Zeitschrift fiir Sozialforschung» («Журнали тадқиқотҳои иҷтимоӣ», 1932—41) буд. Taҳти «Назарияи танқиди ҷамъият» баъзе ҷиҳатҳои таълимоти К. Марксро бо ғояҳои Г. Гегель ва 3. Фрейд (1856—1939) омехтанӣ мешуд. Дар таълимоти мактаби Франкфурт масъалаи ғайрият масъалаи асосӣ мегардад.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиддиятҳои байни пайравони мактаб, алалхусус байни Э. Фромм (1900— 1980) ва Маркузе хеле тезутунд гардида, аксар намояндагони ҷавони мактаби Франкфурт аз ғояҳои ибтидоии он дур шуданд. Дар натиҷаи ин зиддиятҳо ибтидои солҳои 70 мактаб пароканда шуд. Ба тараққии фалсафа ва социологияи ғайримарксистӣ таъсир расондааст.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …