Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Мактаби дунявӣ

Мактаби дунявӣ

МАКТАБИ ДУНЯВӢ мактабе, ки маълумоти дуньявӣ медиҳад. Мактаби дунявӣ ҳангоми аз муассисаҳои динӣ ба ихтиёри давлат гузаштани мактабҳо ба вуҷуд омад. Аввалин мактабҳои дуньявӣ асри 14 дар Англия ва асри 16 дар Германия таъсис ёфтанд. Мактабҳои усули нав (нигаред Мактаби усули ҷадид), мактабҳои русии маҳаллӣ хусусияти Мактаби дунявӣ доштанд, яъне дар онҳо аз фанҳои ҳисоб, ҷуғрофия, табииёт ва ғайра маълумот дода мешуд.

Мактаб

Садриддин Айнӣ яке аз асосгузорони Мактаби дунявии тоҷик буда, дар китоби дарсии «Таҳзиб-ус-сибиён» аз фанҳои дунявӣ маълумот овардааст. Ҳокимияти Советӣ бо имзои В. И. Ленин (январи 1918) дар бораи ҷудо кардани калисо аз давлат ва ҷудо кардани мактаб аз калисо декрет бароварда, мактабҳои дунявии ҳақиқӣ барно кард.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …