Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / МАКТАБИ МУСИҚӢ

МАКТАБИ МУСИҚӢ

МАКТАБИ МУСИҚӢ, муассисаи махсуси таълимию тарбиявӣ, ки дар он асосхои назариявию амалии санъати мусиқӣ омӯхта мешавад. Пеш аз Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь дар Тоҷикистон ягон Мактаби мусиқӣ вуҷуд надошт. Танҳо соли 1922 дар Бухоро Мактаби мусиқии халқҳои Шарқ (ҳоло Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Домуллоҳалим Ибодов) кушода шуд. Машғулиятҳо ба забони тоҷикӣ буданд. Мактаби мусиқӣ Ашрафӣ, Ф. Шағовос, Ш. Соқибов, М. Бурҳонов барин устодони санъат аз ҷумлаи шогирдони аввалини Мактаби мусиқӣ буданд. Дар ин мактаб муаллимон-мақомдонон Домуллоҳалим Ибодов, Отаҷалол Носиров, Мирзоғиёси Танбурӣ, Устошодӣ Азизов ва дигарон мусиқӣ меомӯзонданд.

maktabi-musiqi

Соли 1937 дар ш. Душанбе якумин Мактаби мусиқӣ таъсис ёфт, ки дар он ба 60 нафар хонанда мусиқии фортеппанӣ таълим дода мешуд. Аввалин директори мактаби мазкур Л. А. Буткевич буд. Баъдтар шумораи ин гуна мактабҳо дар дигар шаҳру районҳои Тоҷикистон тадриҷан афзуд. Алҳол дар ҳамаи шаҳру районҳои Тоҷикистон Мактаби мусиқӣ вуҷуд дорад. Дар микьёси республика 58 Мактаби мусиқӣ, 4 Мактаби мусиқии бадеию рассомӣ, мактаби хореографӣ, мактаб-интернати махсуси мусиқӣ ва 4 Мактаби мусиқии ҳисоби хоҷагӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 12468 нафар хонанда аз рӯи 7 намуди санъати мусиқӣ ҳунар меомӯзад (1981).

Ба таълими санъаткорони оянда 1124 нафар муаллимон вобастаанд (1981). Мактаби мусиқӣ ба наврасон имконият медиҳад, ки ба шӯъбаҳои дилхоҳашон дохил шуда, навохтани фортепиано, асбобҳои халқии, нафасӣ, торӣ ва ғ.-ро пурра азхуд намоянд. Дар мактабҳои хореографӣ ва бадеию рассомӣ ҷавонон асосҳои санъати рақс ва рассомиро меомӯзанд.

А. Раҷабов, Л, Додхудоева.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …