Мактаби биологӣ, ҳаёти ҷамъиятӣ инсониро дар асоси қонунҳои биология (мубориза баҳри зиндагӣ, интихоби табиӣ, таркиби ҳуҷайравии организм ва ғ.), инчунин истифодаи идеяҳои мальтусчигӣ ва нажодпарастӣ таъбир менамояд. Кӯшиши таъбири ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси биология ғайриилмист. В. И. Ленин қайд карда буд, ки ба соҳаи фанҳои ҷамъиятӣ кӯчонидани мафҳумҳои биологӣ ҷумлапардозӣ мебошад» (Ас., ҷилди 14, саҳифи 382).
Моҳияти синфии ин таълимот иборат аз ба эътибор нагирифтани қонунҳои хақиқии ҳаёти ҷамъиятӣ буда, одамро махлуқи биологие медонад, ки гӯё ба инсон «инстинктҳои тағйирнопазирӣ», молиикияти хусусӣ, индивидуализм ва ғ. хосанд.