Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / МАКТАБИ БЕДИЛ

МАКТАБИ БЕДИЛ

МАКТАБИ  БЕДИЛ, равияи адабие дар адабиёти асрҳои 18—19 ва аввали асри 20 тоҷик, ки дар Осиёи Миёна ба амал омада процесси адабии ин давраҳоро фаро гирифт. Бедил бо истеъдоди фавқулодаи бузурги худ анъанаҳои адабиёти классикии форс-тоҷикро омӯхта, вобаста ба таҳқиқи воқеияти Ҳиндустон паҳлуҳои ғоявии ин адабиётро ба тарзи хос инкишоф дод. Дар эҷодиёти Бедил ҷанбаи иҷтимоию ахлоқӣ ва фалсафию маърифатии адабиёт ба тарзи тоза ва бо камоли эъҷоз вусъат пайдо кард. Принципи таҳқиқи бадеӣ ва системаи хоси тасвири бадеии воқеият дар сурати ҳамбастагии шаклу мазмун арзи вуҷуд карда, моҳияти фалсафию эстетикии методи бадеии Бедилро ташкил додааст. Ана ҳамин ҳолат «тарзи Бедил»-ро ба «кайфияти эъҷоз» расонидааст, ки фаҳмидан ва шарҳ додани ашъори вай аз хонанда фазлу ҳунари махсусро талаб мекард ва аз ин рӯ, дар байни пайравони шоир як мактаби алоҳидаро ба вуҷуд овард. Диққати шоирону адибон бештар ба хамон ғазалҳои Бедил равона гардидааст, ки дар онҳо маърифати суфиёнаи воқеият ба тарзу услуби нав ҷилвагар шуда буд. Аз ин рӯ, пайравони Мактаби Бедил ихлосмандии худро нисбат ба ин шоири бузург бо роҳи мухаммас бастан ба ғазалҳои тасаввуфии вай ва ё дар бобати навиштани ғазалхои мафҳуми бедилона зоҳир намудаанд. Дар асри 16 шохаҳои Мактаби Бедил ба таври равшан ҷудо нашуда буданд.

maktabi-bedilДар нимаи якуми асри 19 ба ғазалҳои суфиёнаи Бедил ва тарзи бедилонаи тасвир бештар намояндагони адабиёти динии феодалӣ таваҷҷӯҳ доштанд. Аммо дар адабиёти пешқадами ин давр, ки тасвири реалистии ҳаёт ва мудохилаи шоирон ба воқеияти зиндагӣ вусъат пайдо карда буд, бинобар ҳанӯз кашф нагардидани мохияти прогрессивии эҷодиёти Бедил, рағбат ба осор ва услуби душворписандаи ӯ нисбатан суст шуд. Ба ҳамин тариқ, то нимаи дуюми асри 19, ба тақозои нузули ҳаёти маданӣ ва побанди идеологияи дини ислом гардидани тафаккури бадеӣ, инчунин ба сабаби ханӯз норасо ва маҳдуд будани фаҳми бедилшиносӣ, Мактаби Бедил дар инкишофи афкори иҷтимоию адабӣ чандон роли прогрессивӣ бозида натавонист. Вақте ки дар нимаи дуюми асри 19 ба муносибати ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна дар ҳаёти иқтисодӣ ва маънавии халқҳои ин сарзамин дигаргунӣ рӯй дода, вобаста ба инкишофи ҷараёни нав дар адабиёт муборизаҳои мафкуравӣ тезутунд гардид, Мактаби Бедил ба тарзи нав вусъат ёфт ва шохаҳои гуногуни нав ба таври хос ҷараён гирифт. Минбаъд осори Мирзо Бедил таваҷҷӯҳи намояндагони гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро ба тарафи худ кашид, ки онҳо аз зиддиятҳои дохилии эҷодиёти ин мутафаккир барои мустаҳкам кардани мавқеи идеологиашон истифода намудаанд.

Ба ин маънӣ идеологҳои синфи ҳукмрон дар байни халқҳои Осиёи Миёна эътибори зиёд пайдо кардани ин шоири душворписандро ба назар гирифта, ашъори «мунтахаби» ӯро на танҳо дар мадрасаҳо, балки дар мактабҳо, ҳатто ба талабагони ғайритоҷик мехононданд ва дар ин маврид рӯҳониёни ислом Бедилро ба сифати шоири мистики исломия таблиғ менамуданд. Зиёда аз ин мураккабии таран баёни Бедилро бисьёр муболиға карда, паши роҳи оммавӣ гардидани осори шоири бузургро гирифтанӣ мешуданд. Қатъи назар аз ин гуна маҳдуд кардани эҷодиёти шоири мутафаккир, Мактаби Бедил ва мутолиаи осори серсоҳаи ӯ дар байни зиёиён ва равшанфикрони кишварҳои Осиёи Миёна беш аз пеш вусъат меёбад. Аҳмади Дониш дар таърихи афкори адабии тоҷик аввалин шуда асрори бузургии Бедилро кашф намуд ва дар бедилфаҳмӣ инқилоби фикрӣ ба амал овард. Дониш ба мутолиаи ғазалҳои «Мунтахаб»-и Бедилӣ конеъ нашуда, бо қудрати баланди тафаккури худ ҳамаи осори манзуму мансури ин адибро, аз як тараф, дар зимни китобат мутолиа ва тарғиб карда бошад, аз тарафи дигар, оид ба муҳимтарин қисматҳои осори Бедил шарҳҳо навишта, барои дуруст фаҳмидани маъноҳои дақиқ ва судманди шоир дастурҳо пешниҳод кард.

Лекин, чунон ки устод С. Айнӣ қайд кардааст, «… худ на дар назм ва на дар наср услуби ӯро таҳлил намекард ва ҳамсӯҳбатони худро аз тақлид кардани ӯ манъ менамуд» (Кулл., ҷилди. 11, китоби 2, саҳ. 116). Аз тарафи Аҳмади Дониш бо унвони «Абулманони» («падари маъниҳо») ба тозагӣ кашф шудани Бедил сабаби зиёдтар шудани бедилхонон гардида, баҳсу муноқишаҳои гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоиро дар атрофи эҷодиёти Бедил боз ҳам тезутунд кард. Дар байни намояндагони идеологияи ҳукмрон ва адабиёти динию феодалӣ оид ба мазмуни ғоявии эҷодиёти Бедил ихтилофи ақида ва носозиҳои фикрӣ ба амал омада, қисме аз онҳо Бедилро ба даҳрангӣ айбдор мекарданд, қисми дигаре кӯшиш мекарданд, ки ӯро ҳамчун шахси диндори мутаассиб муаррифӣ кунанд. Муносибати намояндагони идеологияи динии феодалӣ вусъати Мактаби Бедилро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва адабӣ маҳдуд накарда, баръакс, таваҷҷуҳи адибони пешқадам ва тараққихоҳро нисбат ба эҷодиёти Бедил беш аз пеш зиёдтар намуд ва аз ин ҷост, ки мудохилаи онҳо ба осори адиби бузург дар шаклу намудҳои гуногун зоҳир гардидааст.

Як қисми намояндагони равияи пешқадами Мактаби Бедил бар хилофи муқаллидони ноӯҳдабарои Бедил, дар ашъори худ мазмунҳои тасаввуфиро сарфи назар карда, дар зимни бомуваффақият пайравӣ кардани услуби бедилӣ, эътироз ва фикрҳои танқидии худро ба муқобили носозиҳои замон ва тартиботи ҳаёти феодалӣ ифода мекарданд (Исо-махдум); аз мисраъ ва байтҳои баландмаънии Бедил ба ваҷд омада, дар зимни он тарафҳои чуқуртар ва шурангезтари ҳиссиёти ботинии инсонро бо ҷилваҳои тоза тараннум кардаанд (Туғрал). Баъзе шоирон, мисли Савдо, ҳолати зоҳирии системаи образҳо ва вазну қофияи ашъори Бедилро ба таври ҳаҷвӣ истифода карда, аз як тараф, ба муқаллидони беҳунари ӯ тамасхуркунии шӯҳрати шеъри Бедилро муҳофизат намуда бошанд, аз тарафи дигар, ба эътибори шӯҳратмандии шеъри Бодил нерӯи эмоционалии ҳаҷву танқидҳои иҷтимоии ашъори худро пурзӯр гардонидаанд. Қисми дигаре аз адибони пешқадами Мактаби Бедил ҷиҳатҳои шаклии услуби бедилиро тадриҷан тарк карда, аз маъниҳои баланди он дар афкори иҷтимоии танқидӣ ва ахлоқию эстстикии худ истифода кардаанд. Дар ин бобат роли Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ калон аст.

С. Айнӣ, ки дар омӯзиш ва таҳқиқи осори Бедил хидмати шоистае кардааст, роҷеъ ба таъсири ин шоири мутафаккир сухан ронда менависад: «Аз шоирони тоҷики Осиёи Миёна Сарир, Сират, Исо (бухороӣ), Асирии хуҷандӣ, Ҷавҳарии ӯротеппагӣ Бедилро бомуваффақият тақлид кардаанд… Асирӣ ҳам дар назм, ҳам дар наср ва ҳам дар мазмун бомуваффақият тақлид кард. Назм ва насри ӯ аз танқиди уламои расмӣ ва урфу одати феодализм пур буд… Зуфархони Ҷавҳарӣ… ба сифати як шоири советӣ ҳам аз ҷиҳати шакл ва ҳам аз ҷиҳати мазмун хеле чизҳои оммафаҳм дода бошад ҳам, дар лирика то охири умраш дар пайравии Бедил собит монд» (Куллиёт, ҷилди 11 китоби 2, саҳ- 110—117). Дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 бедилхонӣ ҳарактери оммавӣ гирифт. Мувофиқи ахбороти С. Айнӣ дар Мадрасаҳои Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд аз ҳаваскорони бедилдӯст давраҳои алоҳида ташкил карда ва ба атрофи ягон бедилшинос гун шуда, бедилхонӣ мекарданд.

Дар Хуҷанд ва Ӯротеппа ҳатто дар чойхонаҳо «Куллиёт» ё девони ғазалиёти Бедил ёфт мешуд, ки босаводоии бедилдӯст дар давраи чойнӯшӣ бедилхонӣ мекарданд ва босаводон ба онҳо гӯш дода ба қадри фаҳмашон фоида мебурданд. Ғaзалҳои Бедил аз тарафи ҳофизон — Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхон бо оҳангҳои пурҷазаба суруда мешуданд. Аз ин ҷост, ки шеъру ғазалҳои Бедил аз доираи аҳли адаб берун баромада, дар байни табақаҳои меҳнатӣ — деҳқонони камбағал ва ҳунармандон паҳн мешуд ва ба аҳволу авзои ҳамонвақтаи онҳо ҷур мегардид. Мактаби Бедил воқеан басо мураккаби адабию иҷтимоӣ буда, дар процесси мавҷудияти худ шоха ва ҷараёнҳои гуногун пайдо кардааст. Дар шоха ва ҷараёнҳои пешқадами Мактаби Бедил тадриҷан паҳлуҳои гуногуни ғоявию бадеии эҷодиёти Бедил ошкор гардидааст, ки онҳо дар инкишофи афкори иҷтимоию ахлоқӣ ва адабию эстстикии халқҳои Осиёи Миёна роли муҳим бозидаанд.

Ад.: А Акӣ С., Мирзо Абдулқодири Бедил, Сталинобод, 1054; ҳамон муалл., Куллиёт, ҷ- II, китоби дуюм,. Д., 1964; Муминов И. М.. Философские взгляды Мирза Бедил, Ташкент, 1957; Амирқулов С., Аҳмади Дониш ва Мирзо Бедил, дар маҷм.: Масъалаҳои филологияи тоҷик, Д., 1974. С. Амирқулов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …