Главная / Ҷамъият / МАКТАБҲОИ ПАРТИЯВИИ КПСС

МАКТАБҲОИ ПАРТИЯВИИ КПСС

МАКТАБҲОИ ПАРТИЯВИИ КПСС, мактабҳои олии партиявӣ (МОП), республикавию байнивилоятӣ барои тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунандаи партиявӣ ва советӣ. МОП ду шӯъба доранд. Барои шахсони дорои маълумоти олиӣ (муддати таҳсил 2 сол) ва шахсони дорои маълумоти миёна (муддати таҳсил 4 сол). Ба МОП аъзоёни партия бо тавсияи КМ ИK республикаҳои иттифоқӣ, комитетҳои вилоятию кишварии КПСС (аз синни 35—40 солагӣ), ки камаш стажи 3-солаи партиявӣ ва дар корҳои партиявӣ, советӣ, комсомолӣ, журналистӣ таҷриба доранд, инчунин коммунистон — коргарон ва колхозчиёне, ки қобилияти ташкилотчигии худро дар органҳои интихобии партиявӣ ва советӣ нишон додаанд, қабул мешаванд. Дар МОП кафедраҳои таърихи КПСС, фалсафаи марксистӣ-ленинӣ, иқтисодӣ сиёсӣ, коммунизми илмӣ, сохтмони партиявӣ, сохтмони давлати советӣ ва ҳуқуқ, ҳаракати байналхалқии коммунистӣ ва миллӣ-озодихоҳӣ, иқтисодиёти советӣ ва идоракунии хоҷагии халқ, журналистика, забони русӣ, забонҳои хориҷӣ ва ғ. мавҷуданд. МОП оид ба омӯхтани проблемаҳои такмили услуби усулҳои фаъолияти партиявию давлатӣ кори илмию тадқиқотӣ мебаранд.

partiya-kpss

Бо роҳбарии КМ КПСС ва КМ ПК республикаҳои иттифоқии дахлдор, комитетҳои вилоятию кишварии КПСС кор мекунанд. Роҳбарии таълимию методӣ ба МОП ба зиммаи Мактаби олии партиявӣ ва Мактаби ғоибонаи олии партиявии назди КМ КПСС (аз марти 1978 АИЧ-и назди КМ КПСС) гузошта шудааст. Нахустин мактабе, ки кадрҳои партиявӣ тайёр мекард, Мактаби партиявӣ дар Лонжюмо буд. Пас аз Револютсияи Октябрь курсҳо, мактабхои советӣ ва партиявӣ, Университети коммунистӣ ба номи Я. М. Свердлов ташкил карда, шуданд. Дар асоси қарори КМ партия аз 2 августи 1946 Академияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ дар назди КМ КПСС ташкил карда шуд. Дар назди КМ ПК республикаҳои иттифоқӣ, комитетҳои вилоятию кишварии КПСС низ МОП ташкил карда шудаанд. Солҳои 1046—58 МОП-ро зиёда аз 60 ҳазор нафар хатм намуданд. Ҳоло 14 МОП-и байниреспубликавӣ ва вилоятӣ мавҷуданд. Солҳои 1940 74 МОП-ро зиёда аз 100 ҳазор нафар хатм карданд.

Дар борамон anvarj63

Инчунин кобед

alinovski-radion

Малиновский, Родион Яковлевич

МАЛИНОВСКИЙ Родион Яковлевич (23. 11.1898, Одесса — 31. 3. 1967, Москва), лашкаркаши советӣ, Маршали Иттифоқи …