Маълумоти охирин
Главная / Илм / Макон ва замон

Макон ва замон

МАКОН ВА ЗАМОН, шаклҳои асосӣ ва умумии мавҷудияти материя. Макон ва 3амон ба таври объективӣ вуҷуд дошта, даркшаванда ва дорои хусусиятҳои умумӣ мебошанд, ки хосияти сеченакии ҷисмҳо, ҷойивазкунин онҳо, фосилаи байни ҷисмҳо ва лаҳзаҳои мухталифи процессҳо ва падидаҳо ва ниҳоят муносибатн макониву замониро ифода мекунанд. Дар ҳалли ин масъала ду назарияи асосӣ — ҷавҳарӣ ва нисбӣ (реляционӣ) таърихан ташаккул ва инкишоф ёфтаанд, ки онҳо аз чигунагии ҳалли масъалаи муносибати макониву замоиӣ ва ҷисмҳои одами моддӣ муайян мешаванд. Тарафдорони назарияи ҷавҳарӣ мӯътақиданд, ки Макон ва 3амон ҳамчун шаклн мустақилӣ ҷавҳарӣ новобаста аз материя вуҷуд дошта метавонанд, тарафдорони назарияи нисбӣ бошад Макон ва 3амонро хосияти ҷудонашавандаи материя медонанд. Ба ғайр аз ин 3амон ба таври статикӣ (ҳамаи падидаҳои гузашта, ҳозора ва ояндаи табиат реалианд)  ва динамикӣ (фақат падидаҳои ҳозираи табиатро реалӣ медонад) низ тавсиф шудааст.

soat_vaqt

Тасаввуроти Макон ва 3амон дар илму фалсафаи атиқа ва асрҳои миёна. Дарки муносибати замониву маконӣ зимни таҷрибаи истеҳсоли моддӣ қабл аз ташаккули таълимоти фалсафию табиатшиносӣ шурӯъ шуда буд. Ҳанӯз Дар давраи қадим илмҳои нуҷум, физика, риёзиёт ва ғайра ин масъаларо ба таври гуногун таъбиру таъвил мекарданд. Баъдтар тасаввуроти ҷавҳарии маконро мактаби атомистии Юнони Қадим инкишоф дода, онро бо халоъ яксон донист. Лукреций назарияи мактаби атомистиро хулоса намуда, роҷеъ ба алоқаи ашьёю ҳодисаву замон таҳқиқотп муайян анҷом дод. Арасту бошад маҷмӯи ақидаҳои мавҷударо ҷамъбаст намуд ва дар китоби 4-уми «Физика»-и худ мафҳумҳои халоъ, 3акон ва 3амонро таҳлил намуда, охириро ҳамчун ҳудуди ҷисм муайян кард, онро аз материя, шакл ва фосилаи байнн ҷисмҳо фарқ кард.

Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ ҷиҳатҳои рацноналистии таълимоти фалсафии аҳди қадимро дар бораи Макон ва 3амон ҳифз намуда, онро дар заминаи таркиби эҷодии анъанаҳои илмӣ давом доданд. Онҳо объективияти макон ва ҳаракатн ҷисмҳоро дар он эътироф намуда, замонро миқдори ҳаракат донистаанд.

Мас., ба ақидаи Ибни Сино макони ҳар як ҷисм ба ҳаҷмаш баробар аст. Азбаски ҷисмҳо се андоза доранд, макон низ соҳиби се абъод — арз, тӯл умқ аст. Мувофиқи ақидаи мутафаккир дар як макон фақат як ҷисм ҷойгир мешавад. Ӯ алоқамандии ҳаракату замону маконро таъкид намуда, замонро азалӣ, қадим, беибтидо ва тақсимпазир медонад. Дар ин бора ӯ дар «Китоб-ул-ишорот ва-т-танбеҳот» навиштааст: «агар ҳаракат номунқасим бувад, масофат, ки ҳаракат дар вай аст, ҳам номунқасим бувад ва баён кардем, ки масофат абадан мунқасим аст. Пас, ҳаракат мунқасим бувад ва чун ҳаракат мунқасим бувад, замон низ мунқасим бувад».

Таълимоти мутафаккирони Шарқи Наздик ва Миёна таъсири муфидо ба ташаккули тамоюлҳои материалистии асрҳои миёнаи Аврупо расонид. Роли таълимоти намояндагони мактаби машшоъ ба Ибни Рушд ва пайравони ӯ дар мубориза ба муқобили теологияи ортодоксалӣ ва томизм, илҳом бахшид, ки он баъдан барои Эҳёи Ғарб замина ва сарвати маънавӣ ба шумор мерафт.

Тасаввуроти Макон ва 3амон дар асрҳои 17—19. Танқиди ақидаи арастуии пайдоиши олам ва космологияи Батлимус (Птолемей) дар аҳди Ҷадид ба таҷдиди назар роҷеъ ба масъалаи макону замон овард. Ба ин таҷдиди назар баъзе таълимотҳои рационалистии аҳди гузашта ва тасаввури наве, ки зимни натиҷаи пешрафти илм ва инкишофи назарияҳои гуногун дар бораи падидаҳои олам заминаи асосӣ ба шумор мерафт. Аввал ин ки таълимоти Форобӣ, Берунӣ ва дигар мутафаккирони Шарқ оид ба яксонии физикии падидаҳои заминиву осмонӣ (улвию сифлӣ) ба тасаввуроти беинтиҳоии замон асос гузошта буд; дуюм, муносибати Макон ва 3амонии ҷисмҳо дар аҳди Ҷадид а аҳмияти хосса пайдо кард; сеюм, як қатор тасаввуроти геометрияи мушоҳидавӣ дар боби Макон ва 3амон ташаккул ёфтанд ва чаҳорум, муносибати мантиқию математикӣ ба ин категорияҳо пайдо шуда буд. Дар ин давр дар бораи объектпвияти Макон ва 3амон баҳс давом дошт.

Р. Декарт, Т. Гоббс, Б. Спиноза, Члокк назарияи статикии замонро танқид кунанд ҳам онро ҳамчун падидаи физикӣ ё психикии субъект медонистанд. Дар чунин шароит таълимоти Ньютон дар боби объективияти Макон ва 3амон ва ҷорӣ намудани ин категорияҳо дар системаи мафҳумхои асосии илми физика муваффақияти муҳими афкори илмии аҳди Ҷадид ба шумор мерафт. Г. Лейбниц бошад таҳқиқи амиқтари худро дар ҳамин замина инкишоф дод, вале аз сабаби ҷиҳатҳои идеалистии таълимоташ назари ӯ мавриди истифодаи табиатшиносон қарор нагирифт.

Классикони марксизм ба таври диалектикӣ комёбиҳои илмиро ҷамъбаст намуданд ва мафҳумҳои Макон ва 3амонро ба таври материалистӣ муайян карданд (таълимоти идеалистии ин мафҳумҳоро Г. Гегель муайян карда буд) ва назари сифатаи нави мантиқию методологии дарки Макон ва 3амонро ба вуҷуд оварданд. Дар ин бора Ф. Энгельс навиштааст: «Табиист ки ҳар дуи ин шакли мавҷудияти материя бидуни материя моҳияте надоранд ва фақат тасаввурот ва абстракцияе дар майнаи мо мебошанд» (Маркс К. и Энгельс Ф., Соч., т. 20, стр. 550). Ин ақидаро баъдан назарияи умумии нисбият комилан тасдиқ кард.

Масъалаҳои Макон ва 3амон дар асри 20. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 дар соҳаи физика револютсияи илмӣ ба вуҷуд омад, ки дар натиҷаи он методологияи метафизикии пештара ба методологияи диалектикию материалистӣ иваз шуд. Аҳамияти масъалаи Макон ва 3амон дар асари В. И. Ленин «Материализм ва эмпириокритицизм») равшан нишон дода шудааст. В. И. Ленин норасоии принципиалии фаҳмиши идеалистии Макон ва 3амонро нишон дода, на фақат объективӣ, умумӣ ва даркшаванда будани Макон ва 3амонро қайд кард, балки ногузирии тағйири мазмуни ин мафҳумҳоро дар соҳаҳои алоҳидаи илмҳо нишон дод.

Аз ҷумлаи кашфиётҳои умдае, ки мазмуни асосии револютсияи физикаи асри 20-ро ташкил медиҳад, назарияи ҷузъии нисбияти А. Эйнштейн мебошад, ки аз бисьёр ҷиҳат фаҳмиши Макон ва 3амонро тағйир дод. Дар ин назария бо роҳи математикӣ тавассути истилоҳи муттасилӣ робитаи мутақобилаи метрикии Макон ва 3амон ифода ёфт; бо худ мафҳуми «ҳамзамонӣ» мазмуни нави физики гирифт. Назарияи умумии нисбият ба фаҳмиши Макон ва 3амон тағйироти боз ҳам ҷиддитар дохил намуд. Ба ақидаи А. Эйнштейн «хосиятҳои геометрии макон мустақил нестанд, онҳо ба материя вобастаанд». Ҳалли муодилаҳои назарияи умумии нисбият масъалаи каҷиии макон (фазо), беинтиҳоии он, снигулярияти Макон ва 3амонро ба тарзи нав ба миён гузошт. Бисьёр масъалаҳо дар ин соҳа мавриди таҳқиқи физикаи муосир қарор гирифтанд. Барои муайян намудани геометрияи олами реалӣ тадқиқоти А. А. Фридман, ки ӯ модели Коиноти васеъшавандаро (баъдан ин ҳодиса аз тарафи Ҳаббл кашф шуд) пешниҳод намудааст, аҳамияти муҳим дорад.

Дар ибтидои асри 20 масъалаҳои аз ҷиҳати назариявӣ асоснок намудани хосияти сеченакии макон ва мурури замон мавриди таҳқиқ қарор гирифта буд. Баҳсу мунозира байнн тарафдорони таълимоти динамикӣ ва статикӣ давом дошта диалектикаи робитаи мутақобилаи хусусиятҳои муттасилӣ ва мунфасилии Макон ва 3амон низ мавриди маърифат қарор гирифт.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …