Маълумоти охирин

МАККА

МАККА (тавсифҳояш: Маккаи мукаррама, Уммулдуро — модари деҳаҳо, Уммулмадоин — модари шаҳрҳо ва ғайра), шаҳри Макка дар қисми ғарбии Арабистони Саудӣ. Маркази маъмурӣ ва тиҷоратии вилоят Ҳиҷоз. 70 километр дуртар аз соҳили баҳри Сурх, дар байни талу теппаҳо воқеъ аст. Роҳи автомобилгард Маккаро бо шаҳрҳои Мадина , Арриёз, Ҷидда мепайвандад. Аэропорт дорад. Аҳолиаш 300 ҳазор нафар. (2017 сол).

Макка— маркази асосии дин ва хаҷҷи мусулмонон, ватани асосгузори дини ислом — Муҳаммад (САВ) аст. Машғулияти асосии аҳолӣ: тиҷорат, ҳунармандӣ ва хизматрасонӣ ба ҳоҷиён. Дар Макка корхона ва устохонаҳои истеҳсоли қолин, зарфҳои сафолӣ, атриёт, ба зарфҳо рехтани оби Замэзам ҳаст. Заводҳои равған кор мекунад. Ҷойнамоз, китобҳои динӣ, тасбеҳҳои гуногун мефурӯшанд.

МАККА

Санаи бунёди Макка маълум нест. Аввал дар атрофи чоҳи Замзам маҳалли аҳолинишин пайдо шудааст. Макка нахустин бор дар асарҳои Птоломей (Батлимус) бо номи Макораба дучор мешавад. То пайдоиши дини ислом (асри 7) дар тиҷорати байни мамлакатҳои Шарқ ва баҳри Миёназамин роли муҳим бозид. Маркази динии маҷусиёни нимчазираи, Арабистон буд. Аз асри 7 шаҳри муқаддас ва эиёратгоҳи мусулмонон.

Макка дар тасарруфи Фотимиён, Айюбиён, Мамлукҳо ва аз соли 1517 тобеи империяи Туркҳои усмонӣ буд. Аз соли 1916—24 пойтахти подшоҳии Ҳиҷоз. Соли 1924 қӯшунҳои Ибни Сауд Маккаро забт карданд ва соли 1932 ба Арабистони Саудӣ ҳамроҳ карда шуд. Ҳокимият дар Макка зери тасарруфи рӯҳониён буда, сардори шаҳрро Шариф меноманд. Дар маркази Макка Каъба ҷойгир шудааст.

МАККА ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …