МАКАШОВ Андрей Васильевич (таваллуд 22. 4. 1925, деҳаи Малое Щербедино, ноҳияи Романови вилояти Саратов), муаррихи советӣ, Доктори илми таърих (1971). Аз оилаи коргар. Аъзои КПСС аз соли 1946. Солҳои 1942-45 дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи СССР, 1946-48 ёрдамчии котиби комитети партиявии ноҳияи Ҳисор, 1948-49 муаллими мактаби миёнаи ба номи Н. К Крупская ноҳияи Ҳисор. Соли 1949 Институти давлатии педагогии Душанберо ғоибона хатм намуд.
Солҳои 1949-50 ҷонишини мулири шӯъбаи пропаганда ва агитатцияи Комитети партиявии ноҳияи Шаҳринав, 1950—51 инструктори Комитети партиявии вилояти Сталинобод, 1951—53 инструктор ва лектори КМ ПК Тоҷикистон. Аз соли 1953 ходими калони илмии Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон.
Макашов бештар аз 40 асари илмӣ навиштааст, ки калонтарини онҳо «Пойдор намудани Ҳокимияти Советӣ дар Точикистони Марказӣ ва Ҷанубӣ» (1957), «Ташкилоти партиявии Тоҷикистон дар солҳои 1924- 26» (1964), «Ғалабаи Советҳо дар Бухоро» (1969) мебошанд. Мураттиби китобҳои «Барои Ҳокимияти Советҳо дар Тоҷикистон» (1958), «Барои ғалабаи Советҳо» (1961), «Буньёдкорони социализм нақл мекунанд. (1967), «Барои кори халқ» (нашрҳои 1 ва 2, 1970-74). Бо ордени Ситораи Сурх, медалҳо ва грамотаҳои Фарии Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст..
Х. Дӯстов.