Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Makaryovsky-aleksandr

Makaryovsky-aleksandr

МАКАРЁВСКИЙ Александр ИвановичМАКАРЁВСКИЙ Александр Иванович (16. 4. 1904, Мушковичи, ноҳияи Духовщина, вилояти Смоленск), олими советӣ дар соҳаи самолётсозӣ, академик АФ СССР (1968; аъзо-корр. 1953), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1957). Аъзои КПСС аз соли 1943. Соли 1929 Омӯзишгоҳи олии техникии Москва ба номи Н. Э. Бауманро хатм кард. Аз соли 1927 дар Институти марказии гидроаэродинамика (солҳои 1950—60 сардори институт) кор мекунад.

Аз соли 1952 профессори Институти физика ва техникаи Москва низ мебошад. Корҳои илмии Макарёский оид ба таъсири бор (нагрузка )-ҳои беруна ба самолёт боиси ба даст оварда шудани мустаҳкамии мӯътадили самолёт ва дигар аппаратҳои париши ватанӣ (аз ҷумла, ҳангоми суръатҳои калон) гардиданд.

Макарёский таъсири устуворӣ ва манёврнокии самолётро ба фузунборӣ тадқиқ намудааст. Лауреат Мукофоти ленинӣ (1957) ва Мукофоти давлатии СССР (1943). Бо 3 ордени Ленин, 3 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

Ас.: О нагрузках крыла и оперения истребителя в полете, «Труды центрального аэрогидродинамического института.

1940, М 41; Прочность самолёта при больших скоростях, М., 1044; Теоретические и экспериментальные основы норм прочности самолетов, М., I960; Прочность самолёта, М., 1975.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …