Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Макаров Олег Григорьевич

Макаров Олег Григорьевич

МАКАРОВ Олег Григорьевич (таваллуд 6. 1. 1933, деҳаи Удомляи вилояти Калинин), лётчик-кайҳоннаварди СССР, ду карат Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (1973, 1978). Аъзои КПСС аз соли 1961. Пас аз хатми Омӯзишгоҳи олии техникии Москва дар бюрои конструкторӣ кор  мекард. Дар отряди кайҳоннавардон аз соли 1966. 27—29 сентябри 1973 дар киштии кайҳонии «Союз-12» ҳамроҳи В. Г. Лазарев ба сафати бортинженер ба кайҳон парвоз кард.

Макаров Олег ГригорьевичКишгӣ дар муддати 47 с. 16 дақиқа гирди Заминро 32 маротаба давр зад. Дар рафти парвоз Макаров программаи тадқиқоти илмию-техникӣ ва озмоиши системаҳои киштӣ ва скафандрҳоро иҷро намуд. 10 январи 1978 дар киштии кайҳонии «Союз-27» ҳамроҳи В. А. Ҷонибеков ба сафати бортинженер бори дуюм ба кайҳон парвоз кард. 11 январи 1978 «Союз-27» бо комплекси мадории «Салют-6»—«Союз-26», ка Ю. В. Романенко ва Г. М. Гречко идора мекарданд, васл шуд. Бо ҳамин бори аввал дар таърихи кайҳонвавардӣ дар мадори ваздизаминӣ комплекси идорашаванда иборат аз стансияи мадорӣ ва ду киштии кайҳонӣ барпо гардид. Дар рафти парвоз таҷрибаи биологӣ бо унвони «Ци-тос», ки олимони ССCP ва Франция тайёр карда буданд, гузаронда шуд.

Таҷрибаи техникии «Резонанс» низ бомуваффақият ба анҷом расид. Баъди иҷрои программаи 5-рӯзаи парвоз кайҳоннавардон В. А. Ҷонибеков ва Макаров аз стансияи мадорӣ ба киштии кайҳонии «Союз-26» гузаштанд. Аппарат» фурудоии «Союз-26» 16 январ В. 1978 ба Замин баргашт. 27 ноябри 1980 дар киштии кайҳонии «Союз Т-3» ҳамроҳи Л. Д. Низам ва Г. М. Стрекалов маротибаи сеюм ба кайҳон парвоз кард. Киштии кайхонҳои «Союз Т-3» 28 ноябри 1980 бо комплекси мадории «Салют-6 — Прогресс-11» қӯш шуд. Баъди иҷрои бомуваффақияти программаи пешбинишудаи парвоз экипажи киштии «Союз Т-3» 10 декабри 1980 ба Замин баргаштанд. Макаров бо 3 ордени Левин ва дигар ордену медалҳо мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …