Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Макаренко Антон Семенович

Макаренко Антон Семенович

МАКАРЕНКО Антон Семенович (13.3.1888 ш. Белополеи губ. Харкови Украина — 1. 4. 1939, Москва), педагог ва нависанда. Яке аз асосгуэорони назария ва амалияи педагогика. Аз оилаи коргари роҳи оҳан.

Макаренко Антон СеменовичИнститути муаллимии ш. Полтаваро хатм намуд (1917). Фаъолияти педагогиаш соли 1905 cap шудааст. Сардори омузншгоҳҳои роҳи оҳани Крюков (1917— 1918) ва ш. Полтава (1919—20) буд. Соли 1920 сардори колониян меҳнатии бачагони бепарастору ҷинояткор таъин шуд ва системаи аз ҷиҳати назариявӣ асосноки тарбияи меҳнатии коллективӣ бачагонро ба ҳаёт татбиқ мекард. Соли 1926 колонияи мазкур, ки ба номи М. Горкий буд, ба мавзеи Куряжи назди Харков кӯчид. Макаренко бо ёрии 120 нафар шогирдони худ 280 нафар бачагони Куряжро низ тарбия намуд. Баъзе педагогҳои бюрократ ва педагогҳое, ки дар Комиссариати халқии маорифи Украина кор мекарданд, ба фаъолияти Макаренко халал расонданд ва маҷбур намуданд, ки соли 1928 аз колонияи ба номи М. Горкий равад. Июни 1927 ба ташкили коммунаи меҳнатии ба номи Ф. Э. Дзержинский дар посёлкаи Новый Харков иштирок менамояд, соли 1928 там
оман ба кори коммуна мегузарад.

 Дар ин ҷо принсипи педагогии асосгузорони марксизм-ленинизм, яъне алоқаи таълимро бо меҳнати истеҳсоли дуруст ба роҳ монд. Соли 1935 Макаренко аз коммуна рафт ва дар Москва бо маслиҳати М. Горкий ба кори адабӣ шуғл варзид. Макаренко асари махсуси оид ба педагогика наофаридааст, вале ақидаҳои педагогии вай дар осори адабӣ ва манолаҳои ӯ пурра ифода ёфтаанд. Бузургтарин асарҳои Макаренко «Достони педагогӣ» (1933—35, нашри тоҷикиаш 1954) «Книга для родителей» (1937) мебошанд. Дар ин асарҳо ҷиҳатҳои асосии назарияи педагогӣ, масъалаҳои методологии педагогика, усул ва роҳҳои таълиму тарбия пурра инъикос ёфтаанд. Макаренко системаи педагогии худро дар асоси таълимоти материалистии К. Маркс, Ф. Энгелс, В. И. Ленин ривоҷ дод ва дар ҳалли проблемаҳои педагогӣ ба қонунҳои материализми диалектикӣ такя намуд. Макаренко масъалаҳои тарбияро на ба таври статикӣ, балки ба таври динамикӣ, дар ҳаракат ва тараққиёти диалектикӣ хал мекард. Дар асоси ҳамин принцип Макаренко «қонуни ҳаракати коллектив», «системаи роҳи истиқлол», яъне орзу намудан ва барои иҷрои мақсад мубориза бурдани одамонро кор карда баромад. Дар системаи педагогии Макаренко проблемаи тарбия дар коллектив ва тарбияи оилавӣ мавқеи асосӣ ншғол менамояд.

Макаренко қайд мекунад, ки масъалаи муносибати фард ва ҷамъият танҳо дар шароити социалистӣ ҳал мешавад. Яке аз принципҳои педагогии Макаренко гуманизм ва оптимизми социалистист. Макаренко ба инсон, қувва ва имконияти тарбия бовар дошт, ба шогирдони худ на ҳамчун ба вайронкунандагони қонун, балки ҳамчун ба инсонҳое, ки мӯҳтоҷи ёрианд, муносибат мекард. Навоварии Макаренко дар ҳамин буд, ки вай аз формализм ва метафизикаи педагогикаи ҷамъияти синфӣ даст кашид, барои равнақу ривоҷи педагогикаи шӯъравӣ мубориза бурд.

Макаренко як қатор ақидаҳои педагогҳои гузаштаро ба монанди принципи ҳурмати шахсияти кӯдак, тарбия дар раванди меҳнат, талаботи тарбияи шаҳрвандӣ, алоқаи мактабро бо ҳаёт инкишоф ва такмил дод. Макаренко дар асарҳои худ идеяи тарбияи шахс дар коллектив, барои коллектив ва ба воситаи коллективро пешбарӣ кард, ки ин ба манфиати ҷамъияти социалистӣ пурра мувофиқ аст. Дар тамоми мактабҳо ва муассисаҳои тарбиявии советӣ, аз ҷумла дар Тоҷикастон дастурҳои педагогии Макаренко истифода мешаванд.

 

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …