Маълумоти охирин
Главная / Биология / Макакҳо

Макакҳо

МАКАКҲО (Масаса, Macacus), ҷинси маймуни биниборики дараҷаи паст аз зероилаи антариҳо. Дарозии баданашон  34—65 см; думашон 5— 70 см; вазнашон аз 3,5 то 18 кг. Пашми зарди бӯр, баъзан сиёҳ; доранд. 12    намудашон маълум буда, як намудашон дар Африка (Марокаш, Тунис, Алчазоир) ва 11 намуди боқимонда бештар дар Осиёи Ҷанубӣ паҳн гаштааст. Дар замин ва дарахтҳо зиндагӣ мекунанд.

Сурати Макакҳо

Ғизоb Макакҳо мева, реша ва барги растанӣ, картошка, ҷуворимакка, найшакар, баъзан ҳашарот ва кирминаи онҳо, нармбаданҳою харчангшаклҳо ва ғайра мебошад. Макакҳо гурӯҳ-гурӯҳ 10—12-тогӣ (баъзан зиёдтар) зиндагӣ мекунанд. Соле яктоӣ бача мезоянд; дар 3,5—4,5-солагӣ ба балоғат мерасанд; ҳомиладорӣ  5—6 моҳ давом мекунад.

Харитаи зисти Макакҳо

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …