Маълумоти охирин

Маишат

МАИШАТ, тарзи зиндагии рӯзмарра, дар социология фаъолияти иҷтимоии ғайриистеҳсолиеро меноманд, ки аз маҷмӯи талаботи моддии одамон ба хӯрок, пӯшок, манзил, тандурустӣ ва ғайра иборат буда, азхуд намудани неъматҳои маънавӣ, тарзи муносибати одамон, ташкили истироҳат ва ғайра мақсади он мебошад. Маишатро ба забони русӣ «Удовольствие» ва Англисӣ «Pleasure» мегӯянд.

Маишат ҷамъиятӣ ва шахсӣ мешавад. Маишат ба соҳаҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, аз ҷумла меҳнат, руҳия ва рафтори одамон таъсир мерасонад Маишат ва воситаи қонеъ гардондани талаботи маиширо тарзи истеҳсолот муайян мекунад. Ғайр аз ин маросим, анъана, одат, тафовутҳои синфӣ, фарқи байнн шаҳру қишлоқ, мавқеи зан дар ҷамъият, тафовути миллӣ, идеология ва маданияти ҷамъият ба Маишат таъсир мерасонанд.

maishat_zan_mard_bahr

Шакли мӯҳими ташкили Маишати шахси оила мебошад. Дар ҷамъияти социалистӣ Маишати меҳнаткашон якҷоя бо афзоиши истеҳсолоти моддию маънавӣ беҳтар мегардад; некӯаҳволии моддӣ ва дараҷаи маданияти халқ торафт меафзояд. Дар барномаи КПСС қайд шудааст; «КПСС вазифаи дорои аҳамияти умумиҷаҳонии таърихӣ мегузорад, ки дар Иттифоқи Советӣ дараҷаи назар ба ҳар мамлакати капитализм баландтарӣ зиндагонӣ таъмин карда шавад». (саҳ- 87).

Мувофиқи барномаи таракққиёти хоҷагии халкқи СССР маблағгузории давлатӣ барои сохтмони манзилгоҳ, беҳбудии симои шаҳру деҳот, васеъ кардани шабакаи касалхонаҳо, муассисаҳои бачагона, китобхона, клубҳо, хонаҳои истирохатӣ ва сапаторияҳо мунтазам меафзояд. Масъалаи инкишофн минбаъдаи хизмати маишӣ, бо техникаи навтарин мусаллаҳ намудани он пешбинӣ шудааст. Маишати зиёддилхоҳ нафарро метонад ба шахси зараровар мубаддал гардонад ва одаме, ки бе маиашти кифоягӣ зиндагӣ мекунад пас ба беморӣ ва камбудиҳои зиёд дучор мешавад.  Мафҳуми маишатро асосан мардуми оддӣ ҳамчун «Роҳат кардан» ва ё «Дам гирифтан» дар назар доранд.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …