Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ

САЪДУДДИНИ САЙДИ ҲИРАВӢ —(соли тавалуд номаълум —вафот 1364), шоири форс-тоҷик. Ҷараёни зиндагии Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ чандон равшан нест. Бештар дар Исфаҳон зистааст. Қасидаҳояш дар сабки ироқӣ гуфта шудаанд. Бино ба маълумоти маъ- хазҳо девони Саъдуддини Сайди Ҳиравӣ аз 5000 байт иборат будааст, ки мутаассифона ҳанӯз дастраси аҳли илму адаб нагардидааст. …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ

САЪДУДДИНИ ВАРОВИНӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), насрнависи форс-тоҷик. Дар охири асри 12 ва аввали асри 13 умр ба сар бурдааст. Саъдуддини Варовинӣ аз мулозимони Хоҷа Абулқосими Рабибуддин — вазири атобаки Озарбойҷон буд. Вай ба номи ҳамин вазир «Марабоннома»-ро аз лаҳҷаи табарӣ ба забони форсӣ гардонидааст. Тарҷумаи Саъдуддини Варовинӣ аз …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ БАҲО

САЪДУДДИНИ БАҲО Ибни Баҳоуддин, маъруф ба С а ъ д и Баҳоӣ, Саъуддини Баҳоӣ, Саъди Баҳо (соли таваллуд ва вафот но- маълум), шоири форс-тоҷик. Дар асри 13 ва аввали асри 14 зиндагӣ кардааст. Ба қавли тазкиранависон аз шоирони номии асри худ буда, дар анвои гуногуни шеър — ғазал, қасида ва …

Муфассал »

САЪДУДДИНИ АЛОЛА

САЪДУДДИНИ АЛОЛА (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Аз аҳвол ва ашъори Саъдуддини Алола маълумоти кофӣ дастрас нест. Бино ба маълумоти тазкираҳо дар навъҳои мухталифи шеър даст доштааст. Ин байт намунае аз осори ӯст: Рӯзгорам чу ба умеди ту нагузаштаст, Ту маро боз ба умеди кӣ бигзоштаӣ?

Муфассал »

САЪДИ ШЕРОЗӢ

САЪДИ ШЕРОЗӢ— маъруф ба Саъди Кал ё Гул (соли таваллуд ва вафот номаълум), шоири форс-тоҷик (асри 16). Оид ба тарҷумаи ҳол ва ҷараёни зиндагиаш маълумоти кофӣ дастрас нест. Саъди Шерозӣ шоири ғазалсаро буда, ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ қардааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо боқӣ мондаанд.

Муфассал »