Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТАЪРИХ» – асари Садри Зиё

«ТАЪРИХ» асари таърихӣ аз таълифоти Садри Зиё; соли 1931 ба забони тоҷикӣ дар шаҳри Қаршӣ таълиф шудааст. Китоб умуман ба таърики Бухоро оид буда, фаслҳои ҷудогонааш аз боби ҳукмронии Темур, Шоҳрух, Улуғбек, Абӯсаид, Ҳусайни Бойқаро, султонҳои ӯзбек (аз Абулхайр то Абдулмӯъминхон ибни Абдуллоҳхон); Аштархониён (аз Боқимуҳаммад то Абдулмӯъминхон ибни Абулфайзхон; …

Муфассал »

«ТАЪРИХ» – асари Ёркандӣ

«ТАЪРИХ» номи асари муаррих Шохмаҳмуд ибни Мирзофозили Чураси Ёркандӣ (тақрибаан 1616—20— тақрибан 1696, Ерканд), ки ба таърихи Туркистони Шарқӣ (марказаш Ёрканд) бахшида шудааст. Туркистони Шарқӣ дар таърих бо номи Бухорои Хурд низ ёд мешавад. «Тахрих» ба забони тоҷикӣ (солҳои 1676—77) таълиф шуда, аз муқаддима ва 119 фасл иборат аст, ки …

Муфассал »

«ТАЪРИХ» – асари Геродот

«ТАЪРИХ», номи яке аз асарҳои Геродот, ки шартаи олимони замони Искандари Макдунӣ ба 9 китоб тақсим кардаанд. Асар дар асоси мушоҳидаҳои муаллиф ва манбаъҳои таърихӣ ҳамосаҳо ва ғайра таълифшудааст. «Таърих» асосан воқеаҳои муҳимми снёсии таърихи Юнон — ҷангҳои Юнону Эрон (500—449 то м.)-ро дарбар мегирад. Чор китоби аввал муқаддимаи муфассал …

Муфассал »

ТАЪРИХ

sher

ТАЪРИХ шеъреро гӯянд, ки дар таърихи рӯйдодҳои муҳими давр суруда шудааст. Аввалҳо таърихгуи нисбатан содда буд. Масалан, таърихи Кисоӣ: Ба сесаду чихилу як расид навбати сол, Чахоршанбеву се рӯз боқӣ аз шаввол. Биёмадам ба ҷаҳон то чӣ гӯяму чӣ кунам, Суруд гӯяму шодӣ кунам ба неъмату мол. Аз асрҳои 11—12 …

Муфассал »

ТАЪРИХ

tarix

ТАЪРИХ (арабӣ 1) ҳама гуна ҷараёни тараққиёти табиат ва ҷмъият. Ба ин маънӣ таърихи олам, таърихи Замин. таърихи илмҳои ҷудогона (физика матсматика, ботаника, тиб ва ғайра) ҳаст; 2) илмест, ки гузаштаи ҷамъияти инсониро бо тамоми конкретӣ ва гуногуниаш меомӯзад, то ки ҳозира ва ояндаи он дарк карда шавад. К. Маркс …

Муфассал »