Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТУГМАЧАГУЛИ ОБӢ

tuxmchaguli-obi

ТУГМАЧАГУЛИ ОБӢ (Nuphar), як ҷинси растаниҳои обиро гӯянд. Аз июн то сентябр гул мекунад. Одатан дар ҳавз, кӯл, длрёҳои сустҷараён месабзад. Дар СССР 2 намуди тугмачагули обӣ вомехӯрад. Махсусан Тугмачагули обии зард (N/ Lutea) дар толобу дарёҳои сустҷараён фаровон аст. Тугмачагули обии зард гиёҳи доруист. Тирамоҳ решапояи онро ҷамъ менамоянд. …

Муфассал »

ТУГМАЧАГУЛ

tuxmchagul

ТУГМАЧАГУЛ, мӯбофак, панирак (Маlvа), гиёҳи як ё бисёрсолаест аз оилаи тугмачагулҳо. Тугмачагул эсосан чун алафи бегона дар назди бошишгоҳ, киштзору боғ, баъзан дар пахтазору ҷангал месабзад. Дар Тоҷикистон 8 намуди тугмачагул вомехӯрад: М. mauritiana (асосан дар ноҳияҳои шимолӣ ва ҷануби республика, баъзан дар Помири Ғарбӣ нумӯ меёбад. Растании ороишӣ ва …

Муфассал »

ТУВАЛУ

tuvalu

ТУВАЛУ (Тuvalu), давлатест дар қисми ҷанубу ғарби уқёнуси Ором, дар Полинезия. Масоҳаташ 26 км2. Аҳолиаш беш аз 10 ҳазор нафар (1983), асосан полинезиҳо. Забони расмӣ — англисӣ. Аксари диндорон ба дини протестантӣ эътиқод доранд. Марказаш Фунафути. Сардори давлат — маликаи Англия, аз номи ӯ генерал-губернатор ҳукмронй мекунад. Органи қонунбарор — …

Муфассал »

ТУВАГИҲО

tuvagiho

ТУВАГИҲО (худ тыва, тывалар гӯянд), миллат, аҳолии асосии РАСС Тува. Шумораашон 166 ҳазор нафар (1979). Тақрибан 20 ҳазор нафар дар РХМ зиндагӣ мекунад. Ба забони тувагӣ гап мезананд. Байни диндорон ламаизм ва шаманизм паҳн аст. Аз ҷиҳати антропологи муғулсуратанд. То дигаргунсозии сосиалисти дар ноҳияҳои биёбонӣ ва кӯҳию биёбонӣ бо чорводорию …

Муфассал »

ТУВА

tiva

ТУВА, Республикаи Автономии Советии Сосиалисти (Тыва Автономнунг Совет Сосиалистич. Республика), дар ҳайати РСФСР. 10 октябр 1961 таъсис ёфтааст. Масоҳат 170,5 ҳазор км2. Аҳолиаш 276 ҳазор нафар (1984) ; асосан тувагиҳо ва русҳо. Аҳолии шаҳрӣ 44%. 13 район ва 5 шаҳр дорад. Пойтахташ шаҳри Қизил. Дар кӯҳҳои Сибири Ҷавубӣ, болооби дарёи …

Муфассал »