Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТУНУКОБА

tunukoba

ТУНУКОБА, тунукоб, пастоб, ҷойҳои на чандон чуқури дарё, кӯл ва баҳру уқёнусҳоро гӯянд, ки релефи қаъри онҳо нисбатан тез баланд шуда, ба ҳаракати мавҷу ҷараён ва ҳаёти организмҳои зинда таъсир мерасонад. Тунукобаҳое, ки чуқуриашон аз 10 ва 20 м камтар аст, барои киштигардӣ хатарноканд.

Муфассал »

ТУНУКА

tunuka

ТУНУКА, тахтапӯлоди пухтаи ғафсиаш 0,08—0,32 мм-ро гуянд, ки бо усули прокати хунук тайёр мешавад. Барои занг назаданаш ба он ҳар хел лок мемоланд. Тунукаи бо қалъагӣ андудашударо тунукаи сафед мегӯянд. Дар СССР варақаҳои тунукаи андозааш 512—1000x 712—1200 мм ҳамчун рулонҳои бараш то 1 м ва массаи то 15 т истеҳсол …

Муфассал »

ТУННЕЛ

tunnel

ТУННЕЛ, тоннел англисӣ tunel), иншооти зеризаминӣ е худ зериобиест барои ҳаракати нақлиёт, дигар кардани масири об, гузаронидани коммуникасияҳо ва ғайра. Андозаи туннел ба таъиноти он ва шароитҳои топографӣ, геологӣ, иқлимии маҳал вобаста аст. Нахустин туннели киштигард (тақрибан 160 м) дар Франсия (охири асри 17) ва аввалин туннели роҳи охири (тақрибан …

Муфассал »

ТУННЕЛ-ЭФФЕКТ

ТУННЕЛ-ЭФФЕКТ, ҳодисаи туннели, гузариши микрозарраҳо аз монеаи потенсиалӣ, ки энергияашон аз энергияи монеа паст аст; эффекти квантист, ки гуногунии импулсҳо (ё энергияҳо) -и зарраро дар соҳаи монеа дуруст маънидод мекунад.

Муфассал »

ТУНКАТ

ТУНКАТ, шаҳри қадим дар Осиёи Миёна, пойтахти давлати асримиёнагин Илоқ. Димнаи Тункат дар наздикии шохобҳои дарёи Оҳангарон — Совуқбулоқ ва Отчопарсой воқеъ аст. Тункатро солҳои 1929—34 М. Е. Массон ва 1959—62 Ю. Ф. Буряков тадқиқ намудаанд. Масоҳати қисми то имрӯз боқимондааш 50 га. Дар шимолу ғарби Тункат арки секунҷае ҷой …

Муфассал »