Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

«ТУРКЗАРБ»

nota-2

«ТУРКЗАРБ» зарбест дар «Дувоздаҳмақом» ва «Шашмақом». Дар «Дувоздаҳмақом» гӯшаҳои мусиқии «Ироқи мушобеҳ» ва «Моҳури Кабир» бо ин зарб иҷро мешаванд. Дар «Ғиёс-ул-луғот» ҳафтдаҳ усул (зарб)-и аҷамӣ оварда шудааст, ки усули дуюми он «туркзарб» ё «туркӣ» номида шудааст. Нигаред низ Турк. И. Раҳимов.

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК»

tsbornik

«ТУРКЕСТАНСКИЙ СБОРНИК» («Туркестанский сборник сочинений и статей относияшихся к Средней Азии и к Туркестанскому краю в особенности» — «Маҷмӯаи асарҳо ва мақолаҳо оид ба Осиёи Миёна ва махсусан кишвари Туркистон»), асари нодири библиографиест оид ба таърих, этнография, иқтисодиёт, ботаника, археология, геологияи Осиёи Миёна. Маҷмӯа аз 594 ҷилд иборат буда, асарҳои …

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКИЕ ВЕДОМОСТИ»

tvedomosti

«ТУРКЕСТАНСКИЕ ВЕДОМОСТИ» («Ведомостҳои Туркистон»), аввалин газетаи расмии ҳукумати подшоҳии рус дар Осиёи Миёна. Аз 28 апрели 1870 то 15 декабри 1917 нашр шудааст. Аз соли 1871 ҳафтае як бор (1000 нусха) ва аз соли 1903 ҳафтае се шумора (1500 нусха) мебаромад. И. Усмонов.

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКАЯ ТУЗЕМНАЯ ГАЗЕТА» («Газетаи аҳолии маҳаллии Туркистон»)

ttgazeta

«ТУРКЕСТАНСКАЯ ТУЗЕМНАЯ ГАЗЕТА» («Газетаи аҳолии маҳаллии Туркистон»), газета, оргали расмии ҳукумати подшоҳии рус; июли 1870 ҳамчун иловаи «Туркестанские ведомости» таъсис ёфт. Аз соли 1883 мустақил ва то феврали 1917 чоп шуд. Ҳафтае чор бор (ду шумора ба забони руси ва ду шумора ба забони ӯзбекӣ) бо тиражи 500—600 нусха мебаромад. …

Муфассал »

«ТУРКЕСТАНСКАЯ ПРАВДА» («Ҳақиқати Туркистон»)

tpravda

«ТУРКЕСТАНСКАЯ ПРАВДА» («Ҳақиқати Туркистон»), газетаи ҳаррӯза, ки аз 20 нюли 1922 дар Тошкант ба забони русӣ мебаромад, органи Комитети Марказии Партияи Коммунистии Туркистон ва КИМ-и РАСС Туркистон. Ба ҷои он аз 25 ноябри 1924 «Правда Востока» мебарояд.

Муфассал »