Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТУРМАЛИН

??????????????????????????????????????????????????????????

ТУРМАЛИН, як навъ минералест аз гурӯҳи алюмосиликатҳои бор (В) дор. (Na,Ca) (Мg, Ғе, Li)3 Аl6 Si6О18] [ВO3]з(ОН) 4. Хелҳояш: шерл (Турмалини оҳандор), сиёҳранг; дравит — магнезиалӣ, бӯр; рубеллит — мангандор, гулобӣ; индиголит, нилобӣ ва ғайра; Турмалини полихромӣ. Сахтиаш 7—7,5, зичиаш 2,9—3,3 г/см3. Кристаллҳояш қаламчамонанд. Ҳамчун ашёи пироэлектрӣ истифода мешавад. Кристаллҳои …

Муфассал »

ТУРКҲО

turk

ТУРКҲО (худ низ турк гуянд), миллат, аҳолии асосии Туркия. Шумораашон дар Туркия 40 млн нафар (1980). Дар Булғория (зиёда аз 700 ҳазор), Югославия (тақрибан 200 ҳазор), Юнон (қариб 100 ҳазор), Кипр (тақрибан 100 ҳазор), Руминия, Ироқ, СССР ва ғайра низ зиндагӣ мекунанд. Бо забони туркӣ гап мезананд. Диндорон мусулмони суннимазҳабанд. …

Муфассал »

«ТУРКМЕНСКАЯ ИСКРА»

newspapers

«ТУРКМЕНСКАЯ ИСКРА» («Шарораи Туркманистон»), газетаи ҳаррӯзаи республикавии РСС Туркманистон. Дар Ашқобод аз соли 1923 ба забони русӣ мебарояд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шудааст (1959).

Муфассал »

ТУРКМАНҲО

turkmanho

ТУРКМАНҲО (туркмен), миллат, аҳолии асосии РСС Туркманситон. Шумораашон 2028 ҳазор (1979,). Дар РСС Узбакистон, Тоҷикистон, Кавкази Шимолӣ, вилояти Астрахан ва як қатор шаҳрҳои РСФСР низ зиндагӣ мекунанд. Дар хориҷа гурӯҳи зиёди туркманҳо— дар Афғонистон, Эрон (бештар аз 750 ҳазор) ва Туркия (тақрибан 80 ҳазор) ҳаёт ба сар мебаранд. Бо забони …

Муфассал »

ТУРКМАНИСТОН

turkmeniya1

ТУРКМАНИСТОН, Республикаи Советии Сосиалистии Туркманистон (Туркменистан Социалистик Республикасы), дар ҷанубу ғарби Оснёи Миёна воқеъ аст; аз ғарб бо баҳри Каспий иҳота мебошад. Масоҳаташ 488,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 3118 ҳазор нафар (1984); туркманҳо (1892 ҳазор нафар, 1979), русҳо, ӯзбекҳо, қазоқҳо, тоҷикон ва ғайра. Аҳолии шаҳрҳо 47%. Туркманистон 5 вилоят, 44 район, …

Муфассал »