Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

Шаҳри ТУРСУНЗОДА

tursunzoda

ТУРСУНЗОДА (то 17. 2. 1978— Регар), шаҳри тобеи республика, маркази маъмурии раёни Турсунзода. Санаи ташкилаш 7 декабри 1952. 57 км гарбтар аз шаҳри Душанбе, дар водии Ҳисор воқеъ гаштааст. Стансияи роҳи оҳан (Регар). Аҳолиаш 27 ҳазор нафар (1976) Ш Соҳаҳои саноаташ; металлургияи ранга (Заводи алюминийи Тоҷикистон), таҳвили металл (заводи асбобҳои …

Муфассал »

ТУРСУНЗОДА Мирзо

tursun-zade_m

ТУРСУНЗОДА Мирзо (2. 5. 1911, деҳаи Қаротоғ, ҳозира раёни Турсунзода—24. 9. 1977, Душанбе), шоири советии тоҷик, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1967), Шоири Халқии Тоҷикистон (1961), академики Академияи Фанҳои РСС Тоҷикистон (1951). Аз оилаи дуредгар. Аъзои КПСС аз соли 1941. Узви Комитети Маказии Партияи Комунистии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон (аз …

Муфассал »

ТУРОНҒУ

ТУРОНҒУ, туронға, дарахтест аз ҷинси сафедор. Ду намуди туронғу (туронғуи кабудбарг ва туронғуи ориён) маълум аст. Туронғуи кабудбарг (Рорulus рruinosa, нигаред расм) дарахти калони сершоху баргест, ки то 15-38 м қад мекашад; асосан дар туғайзор (соҳили дарёҳои Сир, Аму ва ғайра, мавзеъҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Шарқӣ, Помири Ғарбӣ, қаторкӯҳҳои Ҳисору …

Муфассал »

ТУРОБОВ Шариф

ТУРОБОВ Шариф (таваллуд 1936, деҳаи Хутхами раёни Москва), механизатор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1972), Механизатори Хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон. (1964). Аъзои КПСС аз соли 1962. Баъди хатми курси механизатории Қӯрғонтенпа (1954)— механиаатори совхози ба номи Турдиеви раёни Москва. Туробов ташаббускори ғунучини мошинии пахта аст. Депугати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 7—9). Бо …

Муфассал »

ТУРНА

turna

ТУРНА, куланг (Gruidae), як навъ паррандаи калонҷуссаро гӯянд, ки по, гардан ва нӯлаш дароз аст; аз рӯи таснифоти илмӣ як оилаи паррандаҳост. Қадаш 90— 155 см. Соқи пояш бепар, думаш кӯтоҳ. Ранги пару боли турнаи нарина ва модина як хел аст. Турнаиҳо овози баланд доранд. Асосан дар ҷойҳои кушод (дашт, …

Муфассал »