Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТУРУНҶ

turunj

ТУРУНҶ, турунг, утруҷ, утрунҷ, 1) мутк, цитрон, цетрат (Сitrus), бутта ё дарахти хурдест аз ҷинси citrus (оилаи судобҳо). То З м қад мекашад. Шохаш хордор, баргаш дарозрӯяи думчадор, гулаш сафед, мевааш калон (дарозиаш 12 —14 см, бараш 8 —10 см), дарозрӯя, гирда е кулчашакл, пӯсташ хеле ғафс (2—5 см), зарди …

Муфассал »

Кӯли ТУРУМТАЙКӮЛ

turumtaykul

ТУРУМТАЙКӮЛ, кӯлест дар болооби дарёи Тӯққузбулоқ (ҳавзаи дарёи Рунд). 15 км дуртар аз ағбаи Қӯйтезак, дар баландии 4215 м аз соҳили баҳр воқеъаст. Кӯл дар натиҷаи бо морена банд шудани водӣ пайдо шудааст. Тулаш 6990 м, бари кӯл дар наздикии банди об 1400 м, чуқуриаш то 27 м. Масоҳат сатҳи …

Муфассал »

ТУРСУНҚУЛОВ Ҳамроқул

ТУРСУНҚУЛОВ Ҳамроқул (12. 3. 1892, деҳаи Водил, ҳозира раёни Фарғонаи вилояти Фарғонаи РСС Узбакистон— 9. 8. 1965, раёни Янтиюли ВИЛ: Тошкент), яке аз ташкилкунандагони истеҳсолоти колхозӣ, се карат Қаҳ рамони Меҳнати Социалистӣ (1948,1951, 1957). Аъзои КПСС аз соли 1945. Аз соли 1935 раиси колхози пахтакори «Шарқ Юлдузи»-и раёни Янгиюли вилояти …

Муфассал »

ТУРСУНХОҶАИ ДУТОРӢ

ТУРСУНХОҶАИ ДУТОРӢ (1854, Бухоро —-1928, ҳамон ҷо), навозанда, бастакор ва мақомдони тоҷик. Аз оилаи косиб. Санъати сознавозӣ ва дигар таркиботи мусиқиро дар зодгоҳаш омухтааст. Аз ҷавонӣ ба омӯхтани мақомҳо шурӯъ намуда, аз устодони «Шашмақом» Отаҷалол, Отағиёс, Мирзоназруллоҳ, Ҳоҷӣ Абдурраҳмои ва дигарон сабақ гирифтааст. Турсунхоҷаи Дуторӣ дар навохтани оҳангҳои халқӣ, қисмҳои …

Муфассал »

ТУРСУНОВ Ҳоҷимат

ТУРСУНОВ Ҳоҷимат (таваллуд 1895, деҳаи Қаромазори вилояти Ленинобод), геологи халқӣ, кашфкунандаи конҳои маъдан. То соли 1925 чӯпон буд. Аз соли 1925 то 1936 ҳамроҳи геологҳои маъруф С. Ф. Машковцев ва Б. П. Наследов ба сифати роҳбалад кор карда, дар кашфи зиёда аз 100 кони хурду калони сарватҳои зеризаминӣ, (аз ҷумла …

Муфассал »