Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТУХМИ ҶУЛАК

angur1

ТУХМИ ҶУЛАК, ЯК навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз, баргаш 5-парра, гулаш дуҷилса, хӯшааш 300—400 г, ғужбаш сабзчаи зардтоб, пӯсташ ғафс, сероби хуштаъм, 2—3 дона тухм дорад. Даври нашваш 135—145 рӯз. Аввалҳои моҳи сентябр пурра мепазад. Фақат барои тархӯрӣ истифода мешавад. Токи онро аввалин бор дар ҳотаи колхозчиёни деҳаи Хонатароши раёни …

Муфассал »

Ангури ТУХМИ КАФТАР

angur

ТУХМИ КАФТАР, ҷавзи сафед, як навъ ангури маҳаллист. Токаш тезсабз, баргаш 5-парраи калон, хӯшааш андаряк 350 г, ғужбаш сабзча, сероб, пӯсташ ғафс, 2—3 дона тухм дорад. Асосан барои тархӯрӣ истифода мекунанд. Даври нашваш 145—150 рӯз. Токаш камҳосил (аз ҳар га 30—40 д). Токашро бори аввал дар ҳотаи колхозчиёни деҳаи Хонатароши …

Муфассал »

ТУХМДОН

tuxmdon

ТУХМДОН, пестик (рistillum), узви самаровар (репродуктивӣ)-и гулро гӯянд. Тухмдон дар миёнаҷои гул ҷойгир шудааст. Тухмдон аз гардгирак, сутунча ва ғӯрак иборат аст. Дар ғӯрак тухммуғҷа ҷой гирифтааст ва аз он баъди гардолудӣ гухм ташаккул меёбад, аз девораи ғӯрак мевапарда ҳосил мешавад. Тухмдон (ё тухмдонҳо агар тухмдони гул якчандто бошад) баъди …

Муфассал »

ТУХМ

egg-1

ТУХМ, 1) донаи ҳар чизро гӯянд. Дар растаниҳо (тухм) вазифаи аз нав ба вуҷудоӣ, паҳншавӣ ва ба шароити номусоид тоб оварданро иҷро мокунад. Тухм аз пӯст (спермодерма), ҷанин, перисперма ё эндосперма иборат аст. Сафеда, равған, оҳар (крахмал), қанд ва витаминҳо моддаҳои захиравии тухманд. Миқдори тухм дар мева аз як (масалан, …

Муфассал »

ТУФОҲАК

tufohak

ТУФОҲАК, травертин, ҷинси кӯҳии масомадорест, ки дар натиҷаи аз чашмаҳои гарм ё хунук таҳшин шудани карбонати калций ба вуҷуд меояд. Дар аксари туфоҳак нақши растаниҳо ва баъзан гӯшмоҳиҳо боқӣ мондааст. Туфоҳак дар Гармчашма (райони Ишкошими ВАБК) фаровон аст. Туфоҳак ҳамчун масолеҳи бинокорӣ, санги ороишӣ ва барои оҳакпази истифода мешавад.

Муфассал »