Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

ТӮРОН

ТӮРОН, Турон, яке аз кишварҳои қадимие, ки марзу ҳудуди он ба Мовароуннаҳр мутобиқат мекунад. Калимаи Тӯрон аз ҷузъҳои тӯр (дар Авесто tura — далер, диловар) ва суффикси ҷамъбандии -он таркиб ёфтааст. Дар замонҳои қадим дар марзи Мовароуннаҳр қабилае бо номи тура мезистааст ва номи кишвар — Тӯрон ҳам ба онҳо …

Муфассал »

Димнаи ТӮРТКӮЛ

ТӮРТКӮЛ, димнаи бошишгоҳи қадими мансуб ба асрҳои 1—4 мелодӣ, ки ғарбтари деҳаи Ғарави раёни Ёвон, вилояти Қӯрғонтеппа воқеъ аст. Онро солҳои 1953—66 бостоншинос А. Исҳоқов кашф ва таҳқиқ намуд. Дар натиҷаи ҳафриёт се давраи сохтмон ошкор шуд. Димна росткунҷа (170Х X 150X2,5 м) буда, деворҳои бинои давраи сеюм хиштӣ ва …

Муфассал »

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС

ТӮРАХОҶАИ АФСӮС (соли таваллуд номаълум — вафот 1855), шоири тоҷик. Аз оилаи шоир Хоҷа Убайдуллоҳи Солик. Асири дарбори Умархони Амирӣ буд. Зулму ситам ва макру фиреби бениҳояти амир дар дили шоир нисбат ба муҳити дарбор нафрат бедор кард. Аз дарбор ронда шуд ва ба зодгоҳаш баргашт. Тӯрахоҷаи Афсӯс шоири соҳибдевон …

Муфассал »

ТУРАЕВ Болтухон

ТУРАЕВ Болтухон (1888, Хуҷанд —1962, Ленинобод), яке аз муборизони фаъоли барқарор ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Советӣ дар Тоҷикистон. Аз оилаи сангтарош. Баъди ғалабаи Револютсияи Октябр Тураев аъзои Комитети хӯрокворӣ, аъзои Совети депутатҳои коргарону солдатҳои шаҳри Хуҷанд интихоб шуд. Соли 1918 ҳамроҳи 118 нафар ихтиёриёяи Хуҷанд барои мубориза бар зидди гвардиячиёни …

Муфассал »

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович

ТУРАЕВ Алексей Болтухонович (таваллуд 2. 6. 1930, шаҳри Хуҷанд), ходими давлатии советӣ. Агрономи Хизматнишондодаи РССН Тоҷикистон (1957). Аъзои КПСС аз соли 1956. Техникуми хоҷагии қишлоқи Ленинобод (1947) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро (1952) хатм намуд. 1952—58 агроном, сарагроном, ҷонишини раиси колхози «Москва», 1958—60 раиси колхози ба номи Куйбышеви райони Хуҷанд, …

Муфассал »