Хабарҳои охирин

САРШУЁН

tuy

САРШУЁН, як намуди маросими халқист, ки дар байни тоҷикон аз қадимулайём маъмул буда, пас аз як ҳафтаи издивоҷи духтар барпо мегардад. Дар он занҳо зиёфат ороста, мӯи мандабофтаи духтарии арӯсро кушода, думила мебофтанд, ки он аломати оиладории арӯс буд. Ҳоло ин одат аз байн рафта истодааст. М. Ҳомидҷонова.

Муфассал »

САРШӮИ

САРШӮИ, як навъ гили сафедро гӯянд, ки дар об ҳал карда, бо оби он сар мешӯянд.

Муфассал »

САРШУМОР

САРШУМОР, Сарона, андози сарикасист, ки бори аввал дар аҳди муғулҳо ба сифати андози доимӣ ҷорӣ шуда буд. Он вақтҳо Саршумор «кунчур» ном дошта, аз ҳамаи аҳолӣ ситонда мешуд. Андозаи Саршумор вобаста ба сарвати шахси андоздиҳанда аз як то даҳ динор буд. Вало дар амал Саршумор мувофиқи даромад ситонида намешуд. Дар …

Муфассал »

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид

САРХУШ Муҳаммадафзал ибни Муҳаммадзоҳид (1640, Кашмир 1714, Деҳлӣ), шоири форсизабони Ҳиндустон. Аҷдоди Сархуш аз Бадахшон буда, ӯ дар хурдсолӣ ҳамроҳи падараш ба Сарҳинд рафтааст. Таҳсили шоир он ҷо гузаштааст ва ӯ бо Носиралии Сарҳиндӣ дӯсту ҳамсабақ будааст. Сархуш аз 8-солагӣ ба шеъргӯӣ сар кардааст. Чанде дар хидмати дарбор буда, вале …

Муфассал »

САРХОНА

nota-2

САРХОНА, қисми аввали суруд, ки ба андозаи як байти матни суруд иҷро мешавад. Баъзан сархат низ мегӯянд. Сархона дар «Шашмақом» мавқеъ дорад. Пас аз Сархона дар сурудҳои ҳар як мақом миёнхона (миёнхат) меояд, ки онро даромади авҷ низ мегӯянд. Байтҳои дигарро хат меноманд. Нигаред, Хат. И. Раҳимов.

Муфассал »