Маълумоти охирин

Хабарҳои охирин

САТТОР ТУРСУН

САТТОР ТУРСУН фамилия Турсунов; таваллуд 15. 2. 1946, деҳаи Посурхии райони Бойсун, вилояти Сурхондарёи Республикаи Советии Сотсиалистии Ӯзбекистон), нависандаи советии тоҷик. Аз оилаи колхозчӣ. Аъзои Партияи Коммунистии Иттифоқи Советӣ Коммунистическая Партия Советского Союза КПСС аз соли 1975. Университети Давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст (1970). Мудири шӯъбаи очерк ва публисистика (1970) ва …

Муфассал »

САТРАПИЯ

САТРАПИЯ, сатрапӣ, музофоти ҳарбию маъмурии давлатҳои Ҳахоманишиён, Селевкиён, Порт ва Сосониёнро гӯянд, ки онро сатрапҳо идора мекарданд. Ба Сатрапия сипаҳсолорон низ таъин мешуданд. Дорои I дар катибаҳои Бесутун (кӯҳе дар назди Кирмоншоҳ) ва Нақши Рустам рӯйхати пурраи Сатрапияро зикр карда аст. Дар территорияи Осиёи Миёна ва Қазоқистони ҳозира ҳам Сатрапияҳои …

Муфассал »

САТҲИ ВИНТӢ

САТҲИ ВИНТӢ, сатҳест, ки хати £ ҳангоми дар гирди меҳвари ноҷунбони ОО’ бо суръати кунҷии доимӣ чарх зада ва қад-қади ҳамин меҳвар ба пеш ҳаракат карданаш, ташкил медиҳад (расми 1). Сатҳи винтие, ки хати рост мекашад, геликоид (аз юнонӣ ЬеНкоз — спирал ва е1<1оз— шакл) ном дорад. Агар ин хати …

Муфассал »

САТРАП

САТРАП (аз форсии қадим х ш а т рапаван— ҳокими вилоят), сардори сатрапия. Ба корҳои расмию маъмурии сатрапия сарварӣ карда, андозҳоро сари вақт ҷамъ менамуд ва ба хазина месупорид. Сатрап инчунин аҳолиро дар сохтмонҳо маҷбуран кор мефармуд ва ба номи худ сикка задани пули мису нуқра ҳуқуқ дошт.

Муфассал »