Хабарҳои охирин

САХОВАТ

САХОВАТ (арабӣ — кушодадастӣ, ҳимматбаландӣ, каримӣ), як навъ сифати ахлоқиест, ки истифодаи оқилонаю беғарази дороии шахсро нисбат ба дигарон ифода мекунад. Мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ дар афкори ахлоқии худ одамонро ба саховатмандӣ даъват намуда, образҳои намунавӣ (ба мисли Ҳотами Той) эҷод кардаанд. Ҳусайн Воизи Кошифӣ Саховатро сабаби некномӣ ва са- …

Муфассал »

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои аз ҷиҳати оптикӣ фаъол (асосан қанд) муайян карда мешавад. Шартҳои ченкуниро дар Сахаметрия стандартӣ кунонида, шкалаи асбоби ченкунанда (сахариметр)-ро тавре дараҷабандӣ мекунанд, ки ғилаати маҳлул бо % ифода шавад. Рилзати қандро аз рӯи Шкалаи байналхалқии …

Муфассал »

САФӢ Мавлоно Ҳусайни Воизи Кошифӣ

САФӢ Мавлоно Фахруддин Алӣ ибни Ҳусайни Воизи Кошифӣ (1463, Сабзавор—1532, Ҳирот), адиби форс- тоҷик. Дар Самарқанд зиндагӣ кардааст. Аз соли 1504 дар масҷиди ҷомеи Ҳирот ба ҷои падараш воизӣ мекард. Соли 1531 ҳангоми муҳосираи Ҳирот аа тарафи Убайдуллоҳхон як сол маҳбус буд. Баъди озод шудан аз ҳабсхона ба Гурҷистон рафт. …

Муфассал »

САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ

САФӢ Абулъало Абдулмӯъмини Ҷорутӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум), луғатнависи форс-тоҷик (асри 15). Дар Туркия умр ба сар бурдааст. Фарҳанги тафсири забони форсӣ бо номи «Маҷмӯа-ул-фурс» аз таълифоти ӯ мебошад.

Муфассал »

САФЪА

САФЪА (арабӣ), дар тибби қадим истилоҳест, ки сар (нӯг)-и пистони занҳоро ифода мекунад.

Муфассал »