Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Майдони сурх

Майдони сурх

МАЙДОНИ СУРХ – майдони марказии шаҳри Москва (дар назди Кремл) мебошад. Майдони Сурхро қисми шақии деворҳои Кремл, бинои Универмаги давлатӣ, маъбади Василий Блаженный, бинои Музеи давлатии таърих иҳота кардаанд. Майдони Сурх асри 15 пас аз қалъабандии қасри Кремл шакл гирифт. Сараввал Торг (ҳамчун маркази савдо), аввали асри 16— Троицкая (аз номи калисои «Троица» — «Салоса», ки дар ҷануби майдон воқеъ буд), дертар баъди сӯхтори калони соли 1571 — Пожар ва аз нимаи дуюми асри 17 Красная (ба маънои зебо) ном гирифт.

Майдони сурх

Солҳои 1508—16 дар гирдогирди Майдони Сурх хандақи чуқуриаш аз 9,6 то 12,8 метр ва бараш 36 метр (соли 1516 ба он об cap дода шуд; баъди соли 1812 хок пур карданд) канданд, ки вазифаи мудофиавиро адо мекард. Аз болояш ба дарвозаҳои Кремл купрукхо дошт. Дар ташаккули ансамбли меъмории Майдони Сурх девори шарқии Кремл бо бурҷҳои Спасский, Сенатский, Николский ва маъбади Василий Блаженный мавқеи калон доштанд. Майдони Сурх соли 1689 аз дӯкону растаҳои бетартиб ҷойгирифта тоза карда шуд ва дар ҷои онҳо як қатор биноҳои маъмурӣ сохтанд. Аз аввали асри 18 Майдони Сурх маркази ҳаёти мадании шаҳр мегардад (аввалин китобхонаи оммавӣ, театр, университет). Соли 1818 дар Майдони Сурх ҳайкали ёдгории К. Минин ва Д. Пожарский (ҳайкалтарош И. П. Мартос) гузошта шуд.

Солҳои 1875—93 давраи пуравҷи сохтмони ансамбли Майдони Сурх буд: 1875—81 Музеи таърих (меъмор В. О. Шервуд); 1889—93— Тнми Болой (ҳоло Магазини универсалии давлатӣ), 1892 Тими Мобайнӣ сохта шуд. Дар Майдони Сурх бисёр ҳодисаҳои муҳими таърихӣ ба вуқӯъ омадааст. Мақбараи В. И. Ленин маркази композиционии Майдони Сурхро ташкил медиҳад. Дар қабрҳои назди қасри Кремл ва девори он турбати ходимони намоёни Партияи Коммунистӣ, Давлати Советӣ, илм, маданият ва баъзе арбобони ҳаракати байналхалқии коргарӣ гузошта шудааст.

МАЙДОНИ СУРХ ДАР ХАРИТА

Инчунин кобед

Бинои шоми хучанд

Шоми Хуҷанд – Ошхонаи миллии ш. Душанбе

Марҳамат ба Ошхонаи Шоми Хуҷанд! Шоми Хӯҷанд ин маконест дӯстони азиз, ки Шумо аз истеъмоли хӯрокҳои …