Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАҲСУЛОТИ УМУМӢ

МАҲСУЛОТИ УМУМӢ

umumiМАҲСУЛОТИ УМУМӢ, маҳсулоти умумии корхонаи саноатӣ, маҳсулоти умумии саноат, маҳсулоти умумии хоҷагии қишлоқ, нишондиҳандаи статистикии маҳсулоти умумии бо пул ифо­да ёфтаи корхона, соха ва хоҷагии халқ. Маҳсулоти умумӣ дар саноат, хоҷагии қишлоқ сохтмон, нақлиёт, савдо ва таъминоти моддию техникӣ, барои муайян кардани ҳаҷми умумӣ, динамика ва суръати умумии афзоиши истеҳсо­лот ва соҳаҳои алоҳидаи он, барои муқаррар намудани таносуби байни ин соҳаҳо, хисоб кардан ва ба план гирифтани миқдори зарурии кертарон, ашьё, масолеҳ, сӯзишворӣ, фонди музди кор, маҳсулнокии меҳнат ва боздеҳи фонд истифода мешавад. Маҳсулоти умумии корхонаи саноати ҳаҷми маҳсулоти бо пул ифодаёфтаи корхонаи саноатиест, ки дар давраи муайян истеҳсол шудааст. Маҳсулоти умумӣ ба ғайр аз маҳсулоти холис, боз арзиши ашё, масолеҳи сӯзишворӣ қувваи Электр ба амортизацияи воситаҳои асосиро низ дар бар мегирад. Маҳсулоти умумӣ корхона ва соҳаҳои истсҳсолотро аз рӯи нархҳои қиёсӣ ва ҷорӣ ҳисоб мекунанд. То давраи ислоҳоти хоҷагӣ (1965) нишондиҳандаи Маҳсулоти умумӣ ба сифати меъёри асосии баҳодиҳӣ ба фаъолияти хоҷагии корхона ва соҳаҳои истеҳсолот истифода мешуд. Мувофиқи қарори Пленуми сентябри (1965) КМ КПСС ба сифати нишондиҳандаи

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …