Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / МАҲСУЛНОКИИ БИОЛОГӢ

МАҲСУЛНОКИИ БИОЛОГӢ

МАҲСУЛНОКИИ БИОЛОГӢ, мафҳуми экологӣ ва умумибиологиест, ки таҷдиди (аз нав барқарор карда­ни) биомассаҳои наботот, микроорганизмҳо ва ҳайвоноти ба экосистема дохилшавандаро ифода мекунад; ба маънои маҳдудаш — таҷдиди ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи худрӯест, ки инсон истифода мебарад. Маҳсулнокии биологӣ дар ҳар як мавриди ҷудогона аз рӯи суръати таҷдиди популяцияҳои намудҳои наботот ва ҳайвонот амри воқеъ мегардад, ки oн ба суръати муайян сурат мегирад. Ин суръат бо бузургии муайян — маҳсулоти яксола (ё маҳсулоте, ки бо дигар воҳидҳои вақт чен шудааст), бо воҳиди масоҳат (барои махлуқоте, ки дар хушкӣ ва қаъри об зиндагӣ мекунанд) ё воҳиди ҳаҷм (барои организмҳое, ки дар об ва даруни хок маскунанд), ифода карда мешавад.

 

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …