Маълумоти охирин

МАҲСӢ

mahsiМАҲСӢ, масҳӣ, пойафзолест тагтунук, бепошна, ки бо калӯш ё кафш пӯшида мешавад. Маҳсӣ аз тагчарм, рӯя, пуштак ва соқ иборат буда, баъзан соқу рӯяшро яклухт бурида медузанд. Ба соқи навъҳои аълосифат гул ҳам медӯзанд. Вобаста ба масолеҳ ҳар хел меноманд: Маҳсии амрикоии (аз чарми лакдодашуда), Маҳсии бедона, Маҳсии хиром, Маҳсии гӯсфандӣ (аз чарми гӯсфанд), Маҳсии булғор (аз чарми гӯсолаю гов) ва ғ. Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон номҳои гуногун низ дошт. Мас., дар Дарвозу Қаротегин, Маҳсии аз чарми хом ва нимхом духтаро рахт ва аз чарми пухта духтаро шидринг меномиданд.

С. Абдуллоев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …