Маълумоти охирин

МАҲРАМ

kheshМАҲРАМ (ар. — манъкардашуда, хешу табор), хешу табори аз ҳама наздик ва имконпазирии дидани рӯй байни марду зан. Мувофиқи шариати ислом ба зан шавҳар (Маҳрами тан), падару модар, бародару хоҳар, амак, бобо, тағо, падарарӯс ва амаку тағои шавҳар Маҳрам ҳисоб меёфтанд. Одатан занон аз Маҳрамҳои рӯи худро намепӯшиданд. Бародари калонӣ дар сурати вафоти бародари хурдӣ зани ӯро гирифта наметавонист, зеро зани бародари хурдӣ «арӯс»-и бародари калонӣ ба ҳисоб мерафт. Баръакс, бародари хурдӣ ба зани бародари марҳум хонадор шуда метавонист. Рӯи напӯшидани зан аз дигар хешу табори шавҳар (бо иҷозати шавҳар ва хусуру хушдоман) низ имкон дошт. Баъди марги шавҳар ё зан никоҳ эътибори худ­ро гум мекард ва зану шавҳар ба ҳамдигар номаҳрам мешуданд. Баъди вафоти зан ҷасади ӯро танҳо шахсони Маҳрам— писар, бародар, тағо ва ё шахсе, ки марҳум дар вақти зинда буданаш васият карда буд (Маҳрами гӯр), ба қабр гузошта метавонист. Бисьёр расму одатҳое, ки вобаста ба Маҳрам буданд, баъди инқилоб тадриҷан аз байн рафтанд. Ҳоло Маҳрам ба маънои ҳамроз. хизматгори бовафо низ ба кор бурда мешавад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …