Маълумоти охирин

МАҲРАМ

mahramМАҲРАМ, деҳаест дар С. к. Эргаш Шарифови pайони Конибодом, вилояти Ленинобод. Терр. к-зи «Комму­низм». Аз М. то маркази С. қ. 6 км, то район 26 км; роҳ асфалтпӯш. Аз деҳа роҳи оҳан Хавос—Андиҷон мегузарад. Аҳолиаш 4200 нафар (1981), асосан тоҷикон. Деҳа мактабҳои миёнаю 8-сола, китобхона, 2 клуб, касалхона, амбулатория, дорухона, шӯъбаи алоқа, 6 магазин, нонвойхона, 3 ошхона, филиали комб. хизмати маишӣ, 2 завод («Ленинободсельмаш», истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво) ва пункти пахта дорад. Соҳаҳои хоҷагӣ — асосан пахтакорӣ, чорводорӣ ва кирмакдорӣ. Заминҳо аз Канали Калонӣ Фарғона ва ба воситаи насосҳо аз дарёи Сир обёрӣ ме­шаванд. Маҳрам зодгоҳи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Шарифов Эргаш ва Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ Урунова Ҷонон мебошад. Дар деҳа муҷассамаи Эргаш Шарифов ҳаст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …