Маълумоти охирин

МАҲР

МАҲР (ар. А), кобин, пул, мулки манқул ва ғайриманқуле, ки дар вақти никоҳ домод пардохтани онро ба apӯc ба зиммаи худ мегирифт ва дар сурати занро талон, додани шавҳар ё мурдани шавҳар, бояд ба зан дода мешуд. Истилоҳи «Маҳр» дар Осиёи Миёна баъди паҳн гаштани дини ислом ҷорӣ шуда бошад ҳам, нишонаҳои он дар давраҳои тоисломӣ вуҷуд дошт, ки ҳуҷҷатҳои қалъаи Муғ аз он шаҳодат медиҳанд. Маҳр баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Социалистии Октябрь барҳам хурд ва масъалаҳои никоҳ, оила ва муносибатҳои иқтисодии он мувофиқи қонунҳои дахлдор ҳал карда мешаванд.

Ад.: Кисляков Н. А., Наследова­ние и раздел имущества у народов Сред­ней Азии и Казахстана, Л., 1977.

А. Давидов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …